Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Озодкунӣ аз ҷазо

Озодкунӣ аз ҷазо

Озодкунӣ аз ҷазо, аз рӯи ҳуқуқи советӣ: 1) дар мавридҳои аз тарафи қонун пешбинишуда ҷазо надодан ба шахсе, ки ҷиноят содор кардааст. Агар эътироф шавад, ки дар ҷараёни тафтиш ё дидабароии кор дар суд амалиёти содиркардаи айбдор барои ҷамъият дигар хавфнок нест ё худи он шахс дигар барои ҷамъият хавфнок ҳисоб намешанд, ӯ аз ҷазо озод карда меша­вад. Шахси ҷиноят содир кардаро ба шарте аз ҷазо озод кардан мумкин аст, ки минбаъд бенуқсон рафтор ва софдилона меҳнат кунад, то ки дар вақти дида баромадани кор дар суд ӯро барои ҷамъият хавфнок ҳисобидан мумкин набошад.

Ба ғайр аз мавридҳои номбурда, ки аз тарафи қонунгузории умумииттифоқӣ пешбинӣ шудаанд, Кодекси Ҷиноятӣ реснпбликаҳои иттифоқи муқаррар мекунанд, ки Озодкунӣ аз ҷазо пеш аз ҳама бо супурдани кор ба суди рафиқона алоқаманд мебошад (Кодекси Ҷиноятии РСС Тоҷикистон моддаи 49).

Агар ҷинояти содиркардаи шахс ва худи ин шахс аз рӯи ҳолатҳои кор барои ҷамъият чандон хавфнок набошад ва агар кирдори содиркардаи гунаҳкор ба рӯй додани оқибатқои вазнин сабаб нашуда бошад ва худи гунаҳкор аз кардааш самимона пушаймон шуда бошад, пас мумкин аст шахси мазкур аз рӯи илтимоси ташкилоти ҷамъиятӣ ё коллективӣ меҳнаткашон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз ҷазо озод карда шуда, ба­рои аз нав тарбия кардан ва ислох намудан ба ҳамон ташкилоти ҷамъиятӣ ё коллективи меҳнаткашон, ки дар ин бора илтимос кардааст, ба кафилӣ дода шавад (Кодекси Ҷиноятии  РСС Тоҷикистон моддаи 50).

Ҷазодиҳӣ инчунин ба сабаби гузаштани вақти ба масъулияти ҷиноятӣ кашидан ё вақти иҷрои ҳукми айбдоркунанда; ҳантоми истифодабарии чораҳои маҷбурии тарбиявӣ нисбат ба шахси ноболиғ; хангоми амалиёти зидди ҳуқуқ аз тара­фи шахсоне, ки дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ё зарурати ниҳоӣ мебошанд, истифода бурда намешавад.

2) Озодкунӣ аз ҷазои аллакай адокарда ё адои ҷазо (нигаред низ Озодкунии пеш аз мӯҳлат).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …