Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Озодфикрӣ

Озодфикрӣ

Озодфикрӣ, озодандешӣ,ҷараёни афкори ҷамъиятиест, ки мухторияти ақлро дар дарёфти ҳақиқатқат ҳифз ва наҳйи диниро дар ҷараёни зеҳни аҳкоми эътиқод рад ме­кунад. Озодфикрӣ бо шаклҳои мухталифи танқиди дин (деизм, пантеизм, но­минализм) алоқаманд буд.

Ғояҳои Озодфикрӣ дар давлатҳои ғуломдории шарқ ташаккул ёфтаанд. Дар Миср («Сӯҳбати маъюсшуда бо рӯҳи худ»), Бобулистон («Сӯҳбати хоҷа бо ғулом»), Фаластин Озодфикриро дар шакли шаккокияи динӣ, нобоварӣ ба қудрати худоҳо, амри маъруфи коҳинон зоҳир гаштааст. Озодфикрӣ дар Хи­той, Ҳиндустон ва хусусан Юнони Қадим (Гераклит, Демокрит ва Эпикур), Рими Қадим (Лукреций) холе инкишоф ёфт (нигаред Атеизм).

Дар асрхои миёна,. дар шароити ҳукмронии мутлақи идеологияи динӣ назариияи ҳақиқати дугона навъи эътироз ба муқобили зулми илму маърифат, шакли Озодфикрӣ буд. Назарияи ҳақиқати дугона ғояи мустақилият ва мусовоти илму эътиқодро тасдиқ мекард. Асосгузорони ин назария мутафаккири араб Ибни Рушд ва файласуфи тоҷик Ибни Сино офариниши олам, ҷовидонии рӯҳро рад ва илмро аз мутеии дин ҳифз менамуданд.

Ба ақидаи ин мутафаккирон олам аз рӯи қонунияти табиии худ бе дахолати худоҳо инкишоф меёбад. Ба инкишоф ва интишори Озодфикоӣ фаъолияти илмию эҷодии мутафаккирони форс-тоҷик Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, мутафаккири бузурги асри 12 Низомии Ганҷавӣ, мутаффаккирони ӯзбек Улуғбек ва Алишери Навоӣ, шоири гурҷӣ Шота Руставели, мутафаккирони Ғарб Сигери Брабантӣ, Уилям Оккам мута- факкири асри 16 рус Феодосий Косой, эпоси халқии арман «Давиди Сосу­нӣ» мусоидат кардаанд.

Озодфикрӣ дар асрҳои миёна манфиати он қувваҳои ҷамъиятиеро ифода менамуд, ки бар зидди феодализм мубориза мебурданд. Аз ин рӯ мазмуни зоҳиран динии Озодфикрӣ ба пайдоиши ақоиди прогрессивии аксар мутафаккирони асрҳои миёна халал намерасонд.

Инкишофи муттасили ғояҳои Озодфикрӣ (тамоюдоти атеистӣ) ба ташаккули ақидаҳои бисёр олимон, файласуфон, нави­сандагони давраи Эҳё (Перо Помпонасий, Улрих фон Гуттен, Эразми Роттердам») ва Ренессанси Евро­па (Волтер) таъсири муфид расонд. Анъанаҳои Озодфикриро мутафаккирони франсавӣ, Ж. И. Ламетри, П. А. Голбах, Д. Дидро, К. А. Гелвесий ва материалисти немис Л. Фейербах, ки ба мавқеи атеизм гузашта буданд, идома доданд. Дар тарғибу интишори ғояҳои Озодфикрӣ хизмати М. В. Ломоносов, А. Н. Радищев, А. П. Барятинский бузург аст. Охири асри 19 — ибтидои асри 20 ифодакунандагони асосии ғояҳои Озодфикрӣ ҳам дар Шарқу ҳам дар Ғарб маорифпарварон (нигаред Маорифпарварй) буданд.

Дар чамъияти ҳозираи буржуазӣ аксар мутафаккирони пешқадам бар зидди аҳкому маросими динӣ баромада, нуқта ва ҷамоаҳои иртиҷоии диниро танқид менамоянд, вале динро ҳамчун ҷаҳонбинӣ пурра инкор намекунанд. Мунаққидони ҳозираи дин худро озодандеш номида, рӯҳияи интеллигенсияи буржуазӣ ва буржуазияи майдаро ифода мекунанд, аксаран дар мавқеи идеализми фалсафӣ мепстанд (Муҳаммади Абду, Мухаммад Иқбол, нигилизми динии М. Хайдеггер, Ж. П. Сартр).

Мунаққидони буржуазии дин дар доираи ташкилотҳои озодфикрон муттаҳид шуда, тавассуги ташкилоти умумӣ норасоии ваҳдати ғоявиро пурра кардан мехоҳанд. Иттифоқҳои озодфикрон нашрияҳои худро до- ранд ва дар ду ташкилоти умумиҷаҳонӣ муттаҳид гаштаанд: Иттифоқи умумиҷаҳонии озодфикрон (соли 1880 дар Брюссель таъсис шудааст) ва Иттифоқи байналхалқии гуманистӣ ва ахлоқӣ (1952, Амстердам).

Адабиёт: Франсев Ю. П., У истоков ре­лигии и свободомыслия, Москва— Ленинград, 1959; Богоутдинов А. М., Очерки по ис­тории таджикской философии, Сталинабад, 1961; Поступь свободной мысли, «Наука и религия», 1964, JA 9; История свободомыслия и атеизма в Европе, Москва, 1966; История и теория атеизма, Москва, 1974.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …