Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Озод Мирғуломалихон

Озод Мирғуломалихон

Озод Мирғуломалихон (1705, қасабаи Балгироми Ҳиндустон — 1785), тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар назди уламову фузалои Ҳиндустон таҳсил кардааст. Илми адабиёт ва таърихро аз олими маъруфи замонаш Абдулҷалили Балгироми омӯхтааст.

Озод пас аз таҳсили Мадраса тақрибан дар 34-солагӣ ҳамчун донишманди замон шӯҳрат меёбад. Ӯ бисёр шаҳрҳои Ҳиндустону Эрон ва мамлакатҳои арабро саёҳат карда, бо намояндаго- ни илму адаби ин кишварҳо сӯҳбат намуда, оид ба зиндагӣ ва мероси адабии онҳо санаду ҳуҷҷатҳо гирд меорад, ки барои таълифи тазкираҳо ва асарҳои таърихию адабӣ ба ӯ ёрӣ расонданд.

Аз Озод осори илмию адабии пурқимате боқӣ мондааст, ки муҳимтарини онҳо тазкираҳои “Яди байзо», «Хизонаи омира» ва “Сарви озод», асарҳои таърихию ҷуғрофии «Маосир-ул-киром», «Сабдат-ул-марҷон фӣ осор-ил-Ҳиндустон», «Равзат-ул- авлиё», девонҳои форсию арабӣ ва ашъори пароканда мебошанд. Таз­кираҳои Озод дар омӯхтани таърихи адабиёти форс-тоҷик ва робитаи ада­бии Ҳинду Мовароуннаҳр аҳамияти илмию адабӣ доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …