Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Озеров Виталий Михайлович

Озеров Виталий Михайлович

Озеров Виталий Михайлович (таваллуд 22. 3. 1917, Кисловодск), мунаққид ва адабиётшиноси советии рус, доктори илмҳои филологӣ. Аъзои КПСС аз соли 1940. Институти фалсафа, адабиёт, таърихи Москваро хатм кардааст (1940).

Солҳои 1953— 55 ҷонишини сармуҳаррири «Литера­турная газета» буд. Солҳои 1959—78 сармуҳаррири журнали «Вопросы литера­туры». Котиби Правленияи ИН СССР (аз соли 1967). Асарҳояш аз соли 1940 чоп мешаванд. Дар асарҳои Озеров асосан масъалаҳои инкишофи реализми сотсиалистӣ ва танқиди адабӣ, эҷодиёти А. А. Фадеев, Д. А. Фурманов ва дигар мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.

Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1981, барои асарҳои «Коммунисти замони мо дар зиндагӣ ва дар адабиёт», нашри дуюм, Москва, 1978 ва «Ташвиши олам ва дили нависанда. Оид ба дӯстон ва душманони маданият», нашри дуюм, Москва, 1979). Бо 4 орден, медалҳо ва ордени булғории Кирилл ва Мефодий мукофотонида шудааст.

Основание Д. А. Фурманов, Москва, 1953; На пу­тях социалистического реализма, Москва, 1958; Полвека советской литературы. Москва, 1967; Александр Фадеев. Творческий путь, 3 издание, Москва, 1973; Литературно-ху­дожественная критика и современность, Москва, 1972.

Адабиёт: Гринберг И., Пафос объек­тивности, «Москва», 1968, Jvft 5; Пар­хоменко М., Монография о Фадееве, «Дружба народов», 3, 1971.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …