Маълумоти охирин
Главная / Илм / Озах

Озах

Озах, нумӯи ғайриилтиҳобӣ ва бехавфи қабатҳои болоии пӯст, ки зоҳиран ба гиреҳча ё пистонак монанд аст. Озах оддӣ, мусаттаҳ, нӯгтез ва пирӣ мешавад. Озахи о д д ӣ дар пушти даст ё панҷаҳо пайдо меша­вад. Вай дард намекунад, пӯсташ сахту ғафс буда, бо пӯсти муқаррарӣ ҳамранг аст.

Озахи пой, ки аз фишори пойафзоли танг пайдо меша­вад, низ яке аз намудҳои Озаҳи оддӣ мебошад. Чунин Озах одатан хеле сахту дарднок буда, баъзан барои муваққатан аз кор мондани кас сабаб мешавад. Озахи мусаттаҳ ода­тан дар пушти даст ва пӯсти рӯи бачагон ва наврасон мебарояд. Шакли он лӯнда ё ба гиреҳчаҳои мусаттаҳ монанд аст.

Озахи нӯгтез гиреҳчаҳои гулобранги майдаест, ки барҷастагии пистонакшакли поячадор ҳосил мекунад. Вай аксар вақт дар узвҳои ҷинсӣ, сурин ва ғайра ҳангоми ифлос будани тан инкишоф меёбад. Озахи п и р ӣ дар рӯй, гардан ва шиками одамони калонсол чун аломатчаҳои хокистарранг, ҷигарӣ ё сиёҳтоб, ки бо моддаи нарми шахшул пӯшида шудааст, пайдо меша­вад.

Муолиҷа: Озахҳои оддӣ, пирӣ ва мусаттаҳро дар натиҷаи ба нитрогени моеъ, хлор этил ях кунонидан, электрокаогулясия, ҷараёни галва­ми ва усулҳои дигар, инчунин доруҳо нест мекунанд; Озахҳои оддӣ ва мусаттаҳро бо гипноз низ нест кардан мумкин аст. Озахҳои пойро бо маҳлули новокаин ва Озахҳои нӯгтезро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …