Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Озарбойҷониҳо

Озарбойҷониҳо

Озарбойҷониҳо (худ азарбачанлылар гӯянд), миллатест дар СССР, аҳолии асосии РСС Озарбойҷон.  Қисман дар РСС Гурҷистон, РСС Арманистон ва РАСС Доғистон, инчунин дар РСС Узбекистон ва РСС Туркманистон зиндагӣ мекунанд. Дар СССР шумораашон 5477 ҳазор нафар (1979), аз он ҷумла дар РСС Озарбойҷон 4709 ҳазор нафар. Озарбойҷониҳо берун аз ҳудуди СССР дар Эрон (асосан дар Озарбойҷони Эрон) ва Ироқ маскунанд.

Ба забони озарбойҷонӣ гап мезананд. Диндорон мусулмонанд. Дар адабиёт ва хуҷҷатҳои расмии асри 19 — ибтидои асри 20 Озарбойҷониҳоро турк, тотор меномиданд. Дар этногенези Озарбойҷониҳо халқҳои қадими маҳаллӣ ва қабилаҳои эронию туркизабон (киммериҳо, скифҳо, гуннҳо, булғорҳо, хазарҳо, оғузқо, печанакхо) иштирок кардаанд. Просесси ҳамчун халқият та­шаккул ёфтани Озарбойҷониҳо асосан дар асрҳои 11—13 ба охир расид.

Дар тақдири таърихии халқи озар ибтидои асри 19 дар натиҷаи ба Россия ҳамроҳ шудани қисми шимоли Озарбойҷониҳо тағйироти муқимми прогрес­сисӣ ба амал омад, Баробари тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ ба­рои ҳамчун миллат ташаккул ёфтани Озарбойҷониҳо шароит фароҳам омад.

Миллати Озарбойҷониҳо асри 19 дар заминаи халқияти озар ташаккул ёфт. Баъди дар Озарбойҷон ғалаба кардани Ҳокимияти Советӣ (апрели 1920), дар ҷараёни ди- гаргунсозиҳои сотсиалистӣ, дар натиҷаи ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати миллии ленинӣ Озарбойҷониҳо ба миллати сотсиалистӣ табдил ёфтанд, ки асоси онро хоҷагии сотсиалистӣ ва ма­данияти миллии сотсиалистӣ ташкил медиҳад.

Озарбойҷониҳо қисми таркибии умумияти нави интернасионалии халқи советианд. Дар ҷараёни инкишофи миллати сотсиалистии озар фарқияти байни гурӯҳҳои этникии Озарбойҷониҳо (ойрумҳо. шаҳсеванҳо ва ғайра) барҳам мехӯранд. Доир ба таърих, хоҷагӣ ва маданияти Озарбойҷониҳо нигаред. Озарбойҷон.

Адабиёт История Азербайджана, том 1— 3, ҷилди I—2, Баку. 1958—63; Народы Кавка­за. том 2, Москва. 1962.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …