Маълумоти охирин

Озар

Озар (тахаллус; номаш Лутфалибек Оғохон ибни Бегдилӣ; 1722, Исфаҳон — 1780), шоир ва адабиётшинос, тазкиранигори эронӣ. Дар шахри Қуми Эрон, ки оилаи Озар пас аз таваллуди ӯ ба он ҷо кӯчид,таҳсил кардааст. Аз хурдсолӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намуд. Устодаш дар шеъру адаб Муштоқи Исфаҳонӣ буд.

Дар маҷлисҳои адабии Муштоқи Исфаҳонӣ, Ҳотиф, Рафиқ, Сабоҳии Бедгулӣ, ки намояндагони равияи «бозгашти адабӣ» буданд. Озар фаъолона иштирок мекард. Аз Озар як девони ашъор, шеърҳои зиёди пароканда, маснавиҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Сӯзу гудоз» ва тазкираи «Оташкада» то замони мо расидаанд.

Як де­вони дар давраҳои ҷавонӣ фароҳам кардан Озар, ки иборат аз 7000 байт буд, аз байн рафтааст. Озар аз зумраи шоиронест, ки дар таҳким ва тавсиаи «бозгашти адабӣ», эҳёи анъана­ҳои шеърии пешгузаштагон, ба завқу фаҳми оммаи халқ наздик кар­дани шеър хизмати бузургеро анҷом додааст. Тавассути «Оташкада»

Озар дар зинда нигоҳ доштани номи садҳо шоирону нависандагони гузашта ва муосираш хидмати босазое кардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …