Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ойхонум

Ойхонум

Ойхонум, димнаи шаҳри Юнону Бохтари мансуб ба асрҳои 4—1 то милод, ки дар Афғонистони Шимолӣ, дар резишгоҳи дарёи Кӯкча (шохоби дарёи Панҷ) воқеъ аст. Аз соли 1965 аз тарафи Миссияи ар­хеологии Франсия дар Афғонистон омӯхта мешавад. Ҳоло ҳафриёти болоҳисор, маъбад, маркази сиёсӣ, мақбараҳо ва қисми зиёди шаҳр ба интиҳо расидааст.

Ойхонум секунҷа буда, аз тарафи сеюм бо девори ғафсу баланди 10-метра мустаҳкам шуда­аст. Девор ва бурҷҳои росткунҷаи он ду қатор тиркаш дошт. Де­вори шимолӣ  аз берун дорои хандақи хушк буд.

Ҳудуди умумии шаҳр 1800×1600 метр. Дар болои шаҳр ду арк — яке дар қисми шимол в а диг аре дар қисми ҷануби шарқӣ воқеъ буд. Олимон тахмин мекунанд, ки Ойхонумро ё Искандари Мақдунӣ ва ё Селевк бунёд кардаанд. Чунин тахмин ҳам ҳаст, ки асосгузори Ойхонум шахсе бо номи Киниос мебошад, зеро дар ибтидои давраи эллинӣ одате буд, ки танҳо бунёдгузори шаҳрро дар дохили шаҳр дафн мекарданд.

Мақбараи Киниос дар дохили шаҳр ҳафр гардида, но­ми ӯ дар катибаи мақбара зикр шу­дааст. Мақбара аз пешайвони дусутуна ва гӯрхона иборат буд, ки бар таҳкурсии сезина бино ёфтааст. Ҷа­сади Киниос дар тобути сангӣ дафн шудааст. Мақбара ҳанӯз дар замони қадим ғорат гардпда, аз ашёи он танҳо зарфҳои сангӣ ва гачии юнони ёфт шуд. Сохти мақбара соф юнонист. Аз мақбара пораи тахтасанге пайдо шуд, ки дар он 50 насиҳати ахлоқиро кандаанд.

Биноҳои Ойхонум дар асоси анъанаҳои маҳаллӣ сохта шудаанд. Деворҳо аз хишти хом ва похса бино ёфта, аз санг танҳо сутун, пояи он, болодарӣ месохтанд. Фарши биноҳоро бо гил андова мекарданд ва шояд ба рӯи он қолину намадҳо меандохтаанд. Боми биноҳоро ба таври маҳаллӣ ҳамвор месохтаанд.

То ин дам дар Осиёи Марказӣ cvтунҳо аз чӯб ва танҳо пойсутунӣ аз санг сохта мешуданд. Дар Ойхонум сутунҳо пурра аз санг буда, бошаҳо ба шакли баргҳои калон зинат дода шудаанд. Баъзе бешаҳо соф юнонианд, баъзеи дигар ба тарзи     озодтар сохта шуда, унсурҳои санъати маҳаллӣ доранд. Дар Ойхонум танҳо як сутуни чӯб ёфт шуд, вале он ҳам дар натиҷаи сӯхтор ба ангишт мубаддал шудааст. Дар ин сутун анъанаи санъати маҳаллӣ таҷассум ёфтааст.

Як қисми шаҳрро дар масоҳати ЗООх ХЗОО метр биноҳои расмӣ ишғол кардаанд. Ин маркази сиёсӣ аз як ҳавлии 130X108 метра (дар чор тарафаш айвонҳо ҷой гирифта, сақфи онҳо ба 116 сутун такя мекард), як толори калони 26,7X12 метр, қаср ва якчанд хонаҳои дигар иборат аст. Дар қисми ҷануби бинои маъмурӣ ва дигар хонаю толор кашф шуд. Қасри мураббаи ин қисми сиёсӣ тавассути чор роҳрав ба чор манзили мураббаи дигар тақсим шуда, ҳар яке аз хонаву толорҳо иборат будааст.

Дар деворҳои дохилии қаср осори ранг ва сутунҳои ба девор часпида ёфт шуданд. Ба ақидаи муҳаққиқон дар ду нимаи ин қаср ду ҳокими шаҳр, ки дар идораи шаҳр қудрати баробар доштанд, зиндагӣ мекарданд. Хонаҳои шахсӣ пешайвони дусутуна дош­танд ва аз як толор ва чанд хонаҳои хурд иборат буданд.

Дар паси биноҳо ҳаммомҳое буданд, ки аксари онҳо бо қайроқсангҳои ҳарранга фарш карда шудаанд. Маъбади бузурги мураббаи (19X19 м) шаҳр дар миёнаи ҳавлии калон, дар болои таҳкурсии сезина бунёд гардидааст. Маъбад ба қадди намои худ пешайвон дошт. Дар пешгоҳи маъбад ибодатгоҳ ва дар ду тарафи он ду маъбуда ва назаргоҳ ҷой гирифтааст. Маъбад мувофиқи анъанаҳои маҳаллӣ сохта шуда, ҷузъиёташ ба санъ­ати маъбадсозии давраи Ҳахоманишиён шабоҳат дорад.

Дар сиккаҳое, ки аз хизонаи кашфгардида ба даст омаданд, олиҳа ва худоҳо — Арте­мида, Зевс, Аполлон ва қаҳрамони асотири Юнон Геракл тасвир ёфтаанд. Дар Ойхонум инчунин якчанд сиккаҳои ҳинду юнонӣ ёфт шуданд, ки дар онҳо худоҳои вишнуия (яке аз ҷараёнҳои дини ҳиндуия) тасвир ёфта, катибаи сиккаҳо аз як тараф ба юнонӣ ва аз дигар тараф ба ҳиндӣ сабт шудаанд. Ин сиккаҳо ба Ҳинди давраи эллинӣ мутааллиқанд.

Мақбараи дигар, ки дар беруни девори шаҳр ҷой доштааст, аз як даҳлез дар миёна ва чор хонаи гумбазпӯши ба даҳлез пайваст (гӯрхонаҳо) иборат буд. Мақбара асари санъати меъмории маҳаллӣ буда, дар он майитҳоро мувофиқи русуми маҳаллӣ мегӯронидаанд. Дар Ойхонум пораҳои тахти оҷӣ ёфт шуд, ки сохташ ба курсиҳои юнонӣ монанд аст ва назири он аз Нисо ёфт шуд.

Баръакси муҷассамаҳои сангӣ ҳайкалчаҳои майдаи гилӣ ба услуби реалистонаи соф шарқӣ офарида шудаанд, ни барои илм аҳамияти ка­лон доранд. Ин ҳайкалчаҳо муҷасса- ман худоҳои маҳаллӣ буда, баъзе бо либос ва баъзе бараҳна мебошанд, аъзои бадани онҳо хеле аниқу дақиқ таҷассум гардида, баъзе ҳайкалчаҳо бо ҷавоҳирот зинат ёфтаанд. Дар нақши мураккаби табақи нуқрагию (қутри табақ 25 сантиметр), ки аз Ойхонум ёфт шуд, анъанаҳои санъати юнонӣ ва маҳаллӣ ба ҳам омехтаанд.

Солҳои 50 то милод Ойхонум дар натиҷаи ҳуҷуми дигар қабилаҳои бодиянишин тамоман хароб гашта, ба зери хок мондааст. Бозёфтҳои Ойхонум шаҳодат медиҳанд, ки юнониёни Бохтар маданияти худро ба маданияти маҳаллӣ пайваста, як маданияти нави ба худ хос офарида будаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …