Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ойунский Платон

Ойунский Платон

Ойунский Платон Алексеевич (И. И. 1893 — 31. 10. 1939), нависандаи советии ёқут, ходими ҷамъиятӣ, асосгузори адабиёти советии ёқут. Дар улуси Татин (ҳозира pайони Алек­сеевск) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз аввали соли 1917 аъзои махфили сотсиал-демократҳо буд.

Аз оғози Револютсияи феврали 1917 ба муборизаи револютсионӣ ҳамроҳ гардид. Дар вазифаҳои роҳбарнкунандаи давлатӣ ва муассисаҳои илмии Ёқутистон кор кардааст. Аъзои Правленияи ИН СССР (1934—38). Асарҳои ӯ бештар хусусияти романтикӣ доранд. Шеърҳои ӯ («Суруди озодӣ», 1922; «Ба вафоти доҳӣ», 1924; «Аспи оҳанин», 1926; «Ҳокимият ба Советҳо», 1927 ва ғайра) ва достони драмавии «Шама­ни сурх* (1918, таҳрири дуюм соли 1925) дар роҳи аз ҷиҳати сиёсӣ бедор намудани меҳнаткашони кишвар роли бузург бозиданд.

Ойунский дар ҳикояҳои «Хоби пӯстмол» (1926), «Искандари Мақдунӣ» (1935) ва ғайра, повести «Халосӣ аз лаҷан» (1936), ёддоштҳои «Рӯзҳо ва солҳои гузашта» (1928) аз воқеаҳои револютсионӣ дар Ёқутистон нақл мекунад. Якчанд асарҳои драматургӣ низ дорад: «Большевик» (намоиш 1926), «Туйа- арыма-Куо» (намоиш 1928) ва ғайра. Муаллифи асарҳои илмии «Афсонаи ёқутӣ (олонхо), сюжет ва мазмуни он» (1927), «Оид ба назарияи назми ёқутӣ» (1928), «Забони ёкутӣ ва роҳҳои тараққиёти он» (1935). Депутати Совета Олии СССР (даъвати 1). Дар Ёқутистон мукофоти ба но­ми П. А. Ойунский таъсис шудааст (1966).

Адабиёт: Очерк истории якутской советской литературы, Москва, 1970.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …