Маълумоти охирин

Ойстрах Давид

Ойстрах Давид Фёдорович (30. 9. 1908, Одесса — 24. 10. 1974, Амс­тердам, дар Москва дафн шудааст), скрипканавози со­ветӣ, Артисти Халқии СССР (1953). Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти драмаю мусиқии Одессаро хатм намудааст (1926). Аз соли 1934 дар Консерваторияи Москва дарс медод, (аз 1939 профессор, аз 1950 мудири кафедраи скрипка).

Лауреата мукофоти 1-уми Конкурси умумиит- тифоқии навозандагон (Ленинград, 1935), Конкурси байналхалқии скрипканавозони ба номи Э. Изан (Брюссель, 1937) ва мукофоти 2-юми Конкурси байналхалқии скрипканавозони ба номи Г. Венявский (Вар­шава, 1935). Яке аз барҷастатарин скрипканавозони замони ҳозира буд. Репертуари Ойстӣрах асарҳои намоёни классикӣ ва муосири барои скрипка эҷодшударо дарбар мегирифт.

Ойстрах нахустин иҷрокунандаи консертҳои скрипкавӣ ва сонатаҳои Д. Д. Шес­такович, С. С. Прокофев, консертҳои А. И. Хачатурян, Н. Я. Мясков­ский ва дигар буд. Ҳамчун дирижёр низ баромад кардааст. Аъзо-корреспондент. Академияи санъати Берлин (ГДР, 1961), доктори Университети Кембриҷ (1969), аъзои фахрии Академияи миллии «Санта-Чечилия»-и Италия (1961) ва дигар академияҳову ҷамъиятҳои мусиқии хориҷӣ. Лауреата Мукофоти давлатии СССР (1943) ва Мукофоти ленинӣ (1960). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …