Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оймирзоев Ҷолмирзо

Оймирзоев Ҷолмирзо

Оймирзоев Ҷолмирзо Мирзоалӣ (таваллуд 1910), шоир ва драматурги со­ветии қарақалпоқ, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1956 Курси олии адабии Институти адабиёти ба номи М. Горкийро хатм намуд. Асарҳояш аз соли 1927 нашр меша­ванд.

Аввалин китобаш — «Шеърҳо» соли 1935 ба табъ расид. Муаллифп маҷмӯъаҳои «Ба муборизаи қаҳрамонона» (1942), «Сел» (1946), «Қаҳрамонони ман» (1949) ва ғайра дар бораи мустаҳкамшавии Х,окимияти Советӣ дар Қарақалпоқистон; песаҳои «Бердаҳ» (1958) ва «Ойгул-Абат», романи «Дар соҳилҳои Амударё* (1958) аз зиндагии мардуми деҳоти Қароқалпоқистони баъдиҷангӣ ҳикоят мекунад. Соли 1967 повести тарҷумаиҳолиаш «Дили ятим» ба табъ расид. Бо 3 орден мукофотонида шу­дааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …