Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оймакон

Оймакон

Оймакон, паҳнкӯҳест дар РАСС Ёқут., дар ҳавзаи болооби дарёи Инди­гирка, байни қаторкӯҳҳои Сунтар Хаята ва Тас-Кыстабыт. Асосан аз регсангу варақсангҳо ва интрузияҳои начандон калони гранит таркиб ёфтааст. Қисми ҷануби паҳнкӯҳ ба якчанд суфакӯҳҳои баландиашон то 2000 метр тақсим мешавад.

То баландии 1200 метр паҳнкӯҳро бешаҳои тунуки ҷалғуза фаро гирифтаанд; аз он болотар тундраи кӯҳӣ воқеъ гаштааст. Дар пастхамии Оймакон (қад-қади дарёи Индигирка) қутби хунуки Нимкураи шимолӣ (ҳарорати миёна то —50°Селсия; пасттарин қариб —70° Селсия) ҳукмфармост.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …