Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оят Домулло Абдушукур

Оят Домулло Абдушукур

Оят Домулло Абдушукур (1816, Бухоро — 1889, ҳамон ҷо), шоир ва олими тоҷик. Аз оилаи чармгар. Падари Шарифҷон-махдуми Садри Зиё. Аз соли 1885 то охири умр қозикалони Бухоро буд. Оят мувофиқи маълумоти Айнӣ аз ҷумлаи мударрисони машҳури Бухоро, аз «мутафарридини устодҳои замони худ» ба шумор мерафт.

Супоришҳои дипломатиро ҳам ба ҷо меовард. Оят аз ҷавонӣ зеҳни тез дошта, ба ҷуз илмҳои расмии замонаш, наҳву фалсафаро ҳам хуб медонист. Дастнависҳои нодире дар китобхонаи шахсиаш ҷамъ оварда буд. Дар’шеър асосан сабки бедилиро  паиравӣ мекард. Ашъораш мазмуни ишқӣ ва иҷтимоӣ дорад. Намунаи шеърҳои Оят дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ оварда шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …