Главная / Без рубрики / Охунова Турсуной

Охунова Турсуной

Охунова Турсуной (20. 5. 1937, деҳаи Эски Тошкент, вилояти Тошкент —21 сентябр 1983, ҳамон ҷо), механизатор, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1959, 1978), Механизатори Хизматнишондодаи Республикаи Советии С отсиалистии Ӯзбекистон (1967). Аъзои КПСС аз соли 1962. Солҳои 1949—52 колхозчии колхози ба но­ми С. М. Киров, 1952—60 механизатори МТС-и «Пахта»-и райони Чинози вилояти Тошкент, аз соли I960 механик-ронанда ва сардори бригадаи комплексии механиконидаи колхози номбурд .

Охунова аз занон аввалин ташаббускори ҳаракати оммавии касби механик-ронандагӣ (ҳаракати турсунойчигии духтарон) мебошад. Бригадаи Охунова ҳар сол ҳосили фаровони пахта рӯёнда, дар ҷамъоварии ҳосил бо мошин саҳми калон гузоштааст ва барои ҳамин хизматҳояш лауреати Мукофоти ленинӣ (1967) гардид. Дар съездҳои 17—19 ПК Узбекистон аъзои Комитети Марказии ПК Ӯзбекистон интихоб шуд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (даъвати 9, 10) ва Совети Олии СССР (даъватҳои 6—8). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …