Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Охунов Ҷӯрабой

Охунов Ҷӯрабой

Охунов Ҷӯрабой (таваллуд 25. 5. 1932, Душанбе), бастакори советии тоҷик. Омӯзишгоҳи мусиқии Душан­бе (синфи композисияи А. С. Лен­ский)-ро ва шуъбаи миллии Кон­серваторияи Моск­ва (синфи компо­зисиям профессор В. Г.Фере)-ро хатм намуд (1954). Эҷодиёташ ҳангоми таҳсил дар кон­серватория cap шудааст. Кантатаҳои «Партияи мо» (шеърҳои Б. Раҳимзода) «Ба партияи диловар» (шеъри А. Сидқӣ), «Ба Ленини бу­зург» (шеъри Қ. Киром) ва ғайра аз таълифоти мусиқии ӯянд. Охунов анъанаи сурудҳои бисёровозаи классикӣ ва халқиро такмил дода, дар асоси мусиқии халқӣ квартети торӣ (иборат аз се қисм), дар асоси суруди халқии «Духтари ҳиротӣ» вариасияи фортепианӣ эҷод намуда, як силсила сурудҳои халқиро барои овоз ва фортепиано такмил додааст («Табассум», «Мавҷи ҷунун», «Хандида биё», «Чашмаки ту» ва ғайра).

Охунов барои мусиқии инструменталӣ низ як силсила асарҳо офаридааст, ки песаҳои «Андеша», «Алла» (барои виолончел ва фортепиано), «Ду рақс» (барои рубоб ва фортепиано), «Рақси ҷавонӣ» (барои ғиҷҷак ва фортепиа­но) ва ғайра аз ҷумлаи онҳост. Дар байни асарҳои барои оркестри асбобҳои халқӣ эҷодкардааш ду марши ӯ («Марши кайҳоннавардони ҷавон», 1969; «Марш», 1978) мақоми намоён доранд. Охунов аз 1967 дар Институти санъати Тоҷикистон дарс медиҳад. Дар инкишофи мактабҳои мусиқии бачагонаи районҳои гуногуни республика ҳисса гузоштааст.

Охунов барои ин мактабҳо як силсила  асарҳои мусиқии гаълимӣ-педагогӣ эҷод намудаасг, ки сурудҳои «Ленинчиёни номдор», «Бинокор мешавам», «Суруди шодӣ», «Мо ба пеш меравем» ва ғайра, инчунин китобҳои «Диктантҳои мусиқй» (1974), «Солфеджио» (1979) аз қа­били онҳо мебошанд. Охунов муаллифи китоби «Айнӣ ва мусиқӣ» (1978) буда, маҷмӯаи сеҷилдаи «Сурудҳои халқии тоҷикӣ», маҷмӯаи «Бастакорони тоҷик» ва ғайраҳо бо иштироки ӯ нашр шуданд. Аз соли 1963 узви ИБ СССР.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …