Маълумоти охирин

Охота

Охота (аз номи дарёи Охота), б а ҳ р и Лам (ба эвенкӣ лам — баҳр), баҳри Камчатка, бахри нимкушодест дар қисми шимоли ғарбии уқёнуси Ором, ки он бо соҳили шарқии материки Осиё (аз димоғаи Лазарев то резишгоҳи дарёи Пенжина), нимҷазираи Камчатка, силсилаи ҷазираҳои Курил ва ҷазираҳои Хоккайдо, Сахалин иҳота шудааст. Охотаро гул. Курил бо уқёнуси Ором ва гулҳои Невелскию Лаперуз бо баҳри Япон мепайванданд. Баҳр аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 2445 километр тӯл кашидааст, ҷои васеътаринаш — 1407 километр, ҷои ҷуқуртаринаш —3521 метр (хамин Курил). Масоҳаташ 1583 ҳазор километр2, ҳаҷми об ба ҳисоби миёна 1365 ҳазор километр9.

Халиҷҳои калонтаринаш: Шелихов, Анива, Терпения, Сахалин, Уда, Тауй, Академия ва ғайра. Қариб тамоми ҷазираҳои Охота— Шантар, Завялов, Снафарев ва ғайра дар наздикии соҳил ва танҳо ҷазираи Иони дар баҳри ку- шод воқеъ гаштаанд. Ба Охота дарёҳои калони Амур, Уда, Охота, Гижига ва Пенжина ҷорӣ мешаванд. Баҳр аз ҷиҳати релефи қаъри худ ба ду қисм чудо мешавад: шимолӣ ва ҷанубӣ. Қисми шимолӣ аз тунукобаи материкӣ (то 1000 метр) ва ҷанубиаш аз хамин чуқуроби Курил иборат аст. Хамиҳои қисми шимолии баҳр дар замони антропоген ва чуқуроби Ку­рил аз ин ҳам пештар ба вуҷуд омадаанд. Мадди баҳр то 12,9 метр (халиҷи Пенжина).

Охота дар зонаи иқлимаш муссонии арзҳои мӯътадил воқеъ аст. Қариб тамоми сол аз материк шамолҳои хушки хунук вазида меистанд. Ҳарорат об зимистон аз 0°Селсия пасттар, тобистон +8° Селсия, +12° Селсия; шӯриаш 31—33%о. Аз октябр то июн Охота қариб саросар яхпӯш аст. Аа баҳр моҳӣ ва харчанг сайд мекунанд. Аз Охота роҳҳои муҳими баҳрӣ мегузаранд, ки онҳо шаҳри Владивостокро бо Шарқи дур ва ҷазираҳои Курил мепайванданд. Бандарҳои калони наздисоҳилии материк — Магадан, Охоток, дар ҷазираи Сахалин—Коржаков, дар ҷазираҳои Курил—Северо-Курилск.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …