Маълумоти охирин

Охират

Охират (арабӣ— он дунё, ҷаҳони дигар), оламе, ки гуё инсон баъд аз мурдан ба он мерафтааст. Эътиқод ба Охират дар замонҳои қадим пайдо шудааст. Мувофиқи тасаввуроти диннӣ ибтидои ҳаёти Охират аз лаҳзаи дафни одам cap мешавад. Бинобар ин барои ӯ лавозимоти зиндагиро тайёр мекарданд ва инро аломати эҳтирому мададгорӣ ба мардум медоистанд (дафни мурда бо либос, яроқ, асбоби рӯзгор ва ғайра). Тасаввурот дар бораи Охират дар динҳои ҳозираи монотеистӣ нисбат ба динҳои ибтидоӣ бештар нуфуз дорад. Аз ҷумла пайравони ислом мӯътақиданд, ки «зинда гардонидан баъд аз мурдан ҳақ аст на рост», мурда «ҳаёти дубора» дорад, фардо рӯзи қиёмат аз ҷой бархоста аз кору кирдорашон ҳисобот медиҳад. Мафҳуми Охират «маҳшар», аъроф, биҳишг, дӯзах ва ғайраро дар бар мегирад.

Охират хилофи мафҳуми «дунё» аст. Аз назари дин дунёи воқеӣ ва ҳаёти рӯизаминӣ бевафо, назарфиреб, сароб, муваққатӣ, вале «олами охират» аза­лию абадиёт. Мувофиқи Қуръон «зиндагонии дунё бозӣ ва мояи фиреб аст». Аз ин рӯ, мӯътақидон бо­яд ба «омӯзиши худо ва биҳишт, ки арзаш чун арзи осмону замин аст ва фазли худост» (сураи 47, ояти 19—21) машул бошанд. Рӯҳониён қиёмат ва Охиратро воқеӣ ва шаккоконро кофиру дӯзахӣ мешуморанд. Мувофиқи таълимоти ислом кас бояд ба ин дунё дил набандад, самараи дунё наҷӯяд, то дар Охират баҳравар шавад; «Касе, ки ҳосили дунё биҷӯяд, нест ӯро дар охират баҳрае» (Қуръон, 42,19).

Эътиқод ба Охират натиҷаи оҷизй дар назди қувваҳои даҳшатангези табиат ва ҷамъият аст. Ашхоси аз кулфати зиндагии иҷтимоӣ маъюсу ноумед рӯ ба ҳаёти хушбахтонаи хаёлӣ, ондунёӣ меоварданд. Аз ин рӯ, ғояи Охират аз як тараф ҳамчун омили таскиндиҳандаи оммаи мазлум, аз тарафи дигар аслиҳаи истмсмор дар дасти золимом буд. Ақида дар бораи Охират иртиҷоист. Дин диққати оммаро бо саодати афсонавию хаёлӣ банд намуда, аз мубориза баҳри сао­дати ҳақиқӣ боз медорад. Ба ибораи Владимир  Илич Ленин, муборизаи синфи маз­лум барои барпо намудани ҷаннати рӯи замин нисбат ба ҷаннати охират муҳимтар аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …