Маълумоти охирин
Главная / Илм / Овул

Овул

Овул, авул (туркӣ), 1) номи ҷои истиқомати баъзе халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (туркманҳо, қароқалпоқҳо, қирғизҳо, қазоқҳо), инчунин як қатор халқҳои Кав­кази Шимолист. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Ок­тябр қазоқ, қирғиз, қароқалпоқҳои кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ, ӯзбекҳои чорводор гурӯҳ-гурӯҳ (5-—10 оила ва аз ин зиёд) ҷои истиқомате интихоб менамуданд ва онро Овул меномиданд.

Бо мурури замон баъае Овуоҳо ба деҳа табдил ёфтанд. Оилаҳое, ки сокини як Овул буданд, ҷамоаи хурдеро ташкил медоданд. Чорвою за­мини корам моликияти хусусии ҳар як оила буд. Аммо чарогоҳ, чашма, чоҳ ва ғайра моликияти умумӣ ҳисоб меёфт. Ҳаёти иқтисодии Овул ба ҳаёти иқтисодии деҳоти тоинқилобӣ шабоҳат дошт. Органа маҳаллии Овул Сове­ти овулии депутатҳои халқӣ мебошад; 2) болшишгоҳи мавсимии чорводорон, ка аз баҳор то тирамоҳ чанд бор кӯч мекунанд.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …