Овози capоянда дар мусиқӣ, мафҳуми «овози ҳофиз» ба қобилияти сарояндагии одам вобаста аст. Овоз аз нутқ бо савт, баландии муайян ва кашолёбиаш фарқ мекунад. Овоз дар инсон аз синни кӯдакӣ бо мурури инкишофи шунавоии мусиқӣ ва аппарати овоз пайдо шуда, тадриҷан такомул меёбад (дар синни 13 ба 1,5 октава мерасад). Овоз муқаррари (овози ҳаваскор) ва касбӣ мешавад.
Овозро барои опера, консерт, эстрада ва оҳангҳои халқӣ мувофиқ кунонидан мумкин аст. Сифати муайянкунандаи овоз нафосати тембрӣ (лаҳнӣ) ва кашишнокии он аст. Овози операвию консертӣ дар зали калон бояд нағз шунида шавад. Қувваи овоз яке аз сифатҳои муҳимтарини Овоз ҳофиз аст, зеро он бояд дар толори васеъу барҳаво садо дода, дар ҳамовозии оркестр бараъло шунида шавад. Овози касбӣ бояд дар ҳудуди диапазони ду октава садо диҳад.Овоз аз рӯи тембр ва баландӣ асосан ба шаш намуд ҷудо мешавад.
Овози аз ҳама баланди зановна — сопрано, миёнааш — мессо-сопрано ва пасташ — контралто. Дар овози мардона аз ҳама баландаш — тенор, миёнааш — баритон ва пасташ — бас. Дар байни ин ду намуд овози ҷарангосии нафису форамро лирикӣ ва овози нисбатан пасти ғафсро драматикӣ меноманд.