Маълумоти охирин
Главная / Илм / Овозҳои нутқ

Овозҳои нутқ

Овозҳои нутқ, овозҳое, ки бо мақсади мубодилаи афкор тавассути дастгоҳи гуфтор (узвҳои нутқ) сохта ва талаффуз мешаванд. Овозҳои нутқ дар асоси «фармоне», ки аз нимкураи чапи майнаи cap мерасад ба вуҷуд меоянд. Таҳдиду таҳлили Овозҳои нутқ дар се замина — тавлидӣ, физикӣ ва иҷтимоӣ (лингвистӣ) сурат мегирад.

Дар заминаи тавлиди механизми дастгоҳи гуфтор ва саҳми узвҳои нутқ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Овозҳои нутқ аз лаҳнҳо (тонҳо) ва шавшувҳо иборатанд. Лаҳнҳо дар натиҷаи лаппишҳои (ларзишҳои) садопардаҳо ба амал меоянд. Шав­шувҳо бошанд, дар асари лаппишҳои номудаввар дар ҷараёни ҳавое, ки аз шуш берун омада, дар натиҷаи ба ҳам наздик шудан ё расидани узвҳои нутқ дар сӯрохи даҳону бинӣ ба монеае дучор меоянд, пайдо мешаванд.

Лаҳнҳо садонокҳоро ва ҳамсадоҳои лаҳниро (м, н, л, р, й) ва шавшувҳо ҳамсадоҳои беҷарангро ба вуҷуд меоранд. Ҳамсадоҳои ҷарангдор аз омезиши лаҳнҳо ва шавшувҳо ҳосил мешаванд. Садонокҳо аз рӯи ҳаракатҳои амудӣ (ё дараҷаи бардошт: боло — и, у, миёна — з, ӯ, о ва поён — а ва уфуқии забон (ё қатор): пеш — и, э, марказӣ — ӯ, а, қафо — у, о ва иштироки лабҳо (лабӣ — у, ӯ, о ва ғайрилабй — и, э, а) фарқ мекунанд. Ҳамсадоҳо низ аз рӯи чор аломат: а) кори садопардаҳо (ҷарангдор — б, в, э, д, ж, ҷ, г, ғ ва беҷаранг п, ф, с, т, ш, ч, к, х, қ, ъ, д), б) резонаторҳо (димоғӣ — м, н ва ғайридимоғй — ҳамаи ҳамсадоҳо ғайр аз м ва н), в) тараи ташаккул (зич: а) содда — бр п, д, т, г, к, қ, ъ; б) мураккаб — д, ч; роғ: а) якмахраҷа — в, ф, з, с, ғ, х, ҳ, б) думахраҷа — ж, ш, г), кори узви фаъол ё махраҷи овозсозӣ (1) ла­бӣ: <а) лабулабӣ — б, п, м; б) лабу- дандонӣ — в, ф; 2) забонӣ: а) пешизабонӣ — д, т, з, с, ж, ш, ҷ, ч, л, р, н; б) байнизабонӣ — й; в) пасизабонӣ —г, к; г) забончагӣ — г, х, қ; 3) халқӣ: а) рӯяк — ъ ва чуқур —д) фард мекунанд.

Дар заминаи физикию акустикӣ табиати физикии Овозҳои нутқ ва аломатҳои физикии онҳо: дарозӣ, дараҷаи паҳннокию қувватнокӣ, сохти формантию спектри онҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор мегирад. Ин аломатҳои физикии Овозҳои нутқ дар шароит ва ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ таҳқиқу муқоиса ва дараҷаи молик будани овозҳо ба ин хусусиятҳо нисбат ба овозҳои дигар таъмин карда мешавад. Таснифи – акустикии овозҳо низ дар асоси ҳамин аломатҳо сурат мегирад.

Дар ҷиҳати иҷтимоӣ ё лингвистии Овозҳои нутқ вазифа ва саҳми онҳо дар ҷа­раёни мубодилаи афкор омӯхта ме­шавад. Аз ин рӯ, ин ҷиҳати Овозҳои нутқро ҷиҳати функсионалӣ ё фонологӣ низ меноманд. Ин се ҷиҳати Овозҳои нутқ мавзӯи бадеӣ як қисми илми забоншиносӣ — фонетика {фонология)-ро ташкил медиҳанд.

Дар фонетикаи имрӯза ҷиҳати функсионалӣ ҷиҳати асосии Овозҳои нутқ ҳисоб мешавад, зеро тақтеи ҷараёни нутқ ба овозҳои алоҳида ва алоқамандона бо он ҳалли ҳамаи масъалаҳои лингвистии Овозҳои нутқ маҳз аз диди функсионалӣ имконпазир аст. Ҷараёни нутқ табиатан занҷири муттасили овозист ва аз диди тавлид ва хусусиятҳои физикӣ тақтеи он ба овозҳои алоҳида имконнопазир аст. Тақтеи он танҳо ба воситаи фонема, ки дар Овозҳои нутқ зоҳир мешавад ва намояндаи Овозҳои нутқ мебошад, амалӣ мегардад.

Адабиёт: Расторгуе в а В. С., Очерк фонетики таджикского языка. Сталинабад, 1955; Зи н д е р Л. Р., Общая фоне­тика. Ленинград, 1960.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …