Маълумоти охирин

Овоза

Овоза маҷмӯи пардаҳо, ладҳоест дар системаи «Дувоздаҳмақом». Ин мақмӯъ аз 6 лад иборат бу­да, номҳои зеринн доранд: «Наврӯз», «Гардония», «Салмак»,       «Гавашт» (Гувашт), «Моя» ва «Щауноз».

Дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ладҳои гурӯҳи дуюми сис­темаи қаторовози 17-зинадор, ки баъди мақомҳо меоянд, мансуб будани Овозҳо зикр шудааст. Овозҳо аксаран аз пардаҳои баланди кварта ва квинта оғоз меёбанд. Овоза дар асарҳои мусиқӣ (аз ҷумла мақомҳо) ҷои лад ва тоникаҳои нави дар натиҷаи мо­дулясия бавуқӯъомадаро соҳиб ме­шавад. Овоза дар шаклгирии «Шашмақом» таъсири калон гузошта, баъзе унсурҳояш ба таркиби шӯъбаи мақомдо дохил шудаанд (чунончи «Наврӯзи сабо* дар шуъбаи, якуми мақоми «Рост» ва ғайра).

Адабиёт: Джами Абдураҳман. Тра­ктат о музыке, Ташкент, I960; Ражаб о в И., Мақомлар масадасига доир, Тошкент, 1963.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …