Маълумоти охирин

Овоз

Овоз, маҷмӯи садоҳои аз ҷиҳати баландӣ, қувва ва оҳанг (тембр) ryногуне, ки бо ёрии аппарати Овози одам ва ҳайвонҳои бо шуш нафаскашанда бароварда мешаванд ҳангоми ҳаракатҳои рефлектории мушаакҳои ҳанҷара (aтсa, сулфа ва ғайра) низ Овоз ба вуҷуд меояд.

Ба воситаи Овоз одам эҳсосот ва фикри худро баён мекунад Оид ба ҳосил шудани Овоз ду назария мавҷуд аст: мушакию эластикӣ (мавзунӣ) ва асабию мушакӣ. Мувофиқи назарияи муша­кию эластикӣ пеш аз баромадани ҳаргуна Овоз садопардаҳое, ки аз байни онҳо ҳавои дохили хирной мегузарад, васл мешаванд.

Аз рӯи назарияи асабию мушакӣ бошад адади лаппиши садопардаҳо дар як сония ба адади импулсҳое, ки аз системаи марказии асаб меояд баробар мебошад. Баландин Овоз ба басомади лаппиши садопардаҳо, кувваи Овоз ба амплитудаи лаппиши садопардаҳо вобаста буда, тембри Овоз дар натиҷаи ба тони асосӣ ҳамроҳ шудани тонҳои иловагӣ (обертонҳо), ки асо­сан дар қисми резонатории аппара­ти Овоз ҳосил мешаванд ташаккул меёбад.

Ташаккули Овоз тадриҷан (баъзан якбора) баробари инкишофи организм, системаи марказии асаб ва системаи эндокринӣ ба вуҷуд меояд Бо зиёд шудани синну сол диапазони баландӣ, қувва ва оханги Овоз вусъат ёфта, дар давраи пирӣ маҳдуд мешавад. Тағйирёбии пуравҷи Овоз дар давраи балоғат (аз 11—12 то 18—19-солагӣ) мушоҳида мешавад ва он аз 5—6 моҳ то 2 3 (баъзан то 5) сол давом мекунад.

Вайроншавии функсиям Овоз асо­сан ҳантоми тағйирёбии патоло­гии панҷара (нигаред Ларингит), дар натиҷаи ихтилоли ягон қисми аппа­рат Овоз, мондашавии касбӣ ё маишии Овоз, бемориҳои системаи дилу paг ва асаб ба вуҷуд меояд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …