Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Овчинников Юрий Анатоле­вич

Овчинников Юрий Анатоле­вич

Овчинников Юрий Анатоле­вич (таваллуд 2. 8. 1934, Москва), химик ва биохимики советӣ, академики кадемияи Фанҳои СССР (1970; аъзо- корреспондент 1968). Аъзои КПСС аз соли 1962.

Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1957). Аз соли 1960 ходими илмӣ ва аз 1970 директора Институти химияи пайвастҳои табиии (ҳоло Институти химияи биоорганикии ба номи М. М. Шемякин) Академияи Фанҳои СССР. Аъзои Президиум (1973), ноиб-президенти Академияи Фанҳои СССР (1974).

Асарҳои илмии Овчинников ба химияи биоорганикӣ — муайян намудани сохт ва синтези навъдои гуногуни пайвастҳои аз ҷиҳати физиологӣ фаъол, омӯхтани алоқаи байни сохт ва функсияи онҳо ва инчунин механизми молекулавии таъсири биологии онҳо оиданд.

Овчинников сохти як қатор депсипептидҳои табииро муқаррар ва синтез намуд; усули синтези полипептидҳоро кор карда баромад; конформасияи пурраи моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ муҳим, ба монанди валиномисин, энтиатин, антаманид, грамисидин С-ро ошкор кард. Як силсила рисолаҳои илмии Овчинников ба асосҳои физикию химиявии ба ҳаракатоварандаи мембранаҳои биологӣ бахшида шудаанд.

Асос:  Современные проблемы химии пептидов и белков, Москва, 1969; Мембрано­активные комплексоны, Москва, 1974. (ҳамроҳи В. Т. Иванов ва А. М. Шкроб).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …