Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Овчинников Павел Николаевич

Овчинников Павел Николаевич

Овчинников Павел Николаевич (4. 04. 1903, Уфа —22. 12. 1979, Душанбе), ботаники совети, докто­ри илмҳои биоло­гия (1947), профессор (1954), академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1957; аъэо-корреспондент аз соли 1951), Ҳодими Хизматнишондо­даи Илми РСС Тоҷикистон (1963), Қаҳ- рамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).

Аъзои КПСС аз соли 1945. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Шӯъбаи биологияи факултети физикаю математикаи Университети Ленинградро хатм карда­аст (1925). То соли 1931 ҳодими илмии Университета Ленинград буд. Солҳои 1932—40 сардори гурӯҳи геоботаникии Экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон, 1957—67 сардори шуъбаи илмҳои биологӣ, 1941—76, директори Институти ботаникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон, аз 1951 Аъзои Президиума Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон.

Асарҳои илмии Овчинников ба омӯзишу ба истеҳсолот ҷорӣ намудани растаниҳои доруӣ, хошокӣ, мевадеҳ, каучуковар, ороишӣ ва ғайраи Тоҷикистон, таснифоти типҳои растаниҳои республика, ҳамчун базаҳои илмии истеҳсолӣ оқилона истифода бурда­ни хоҷагиҳои ҷангал, совхозҳо ва колхозҳо оиданд Овчинников соли 1947 таълимотро дар бораи флоросенотипҳо ё типи растаниҳое, ки чун воҳиди олии таксосионии фитосфера ба шумор мераванд, кор карда буд.

Овчинников дар тадқиқи масъалаҳои ботаникию географии Помиру Олой ва ноҳияҳои ботаникию географии бо он ҳамсояи ба Ми­ёна замин ҳиссаи калон гузоштааст. Тадқиқоти махсуси палеоботаникии Овчинников аз маҳмӯаҳои флорогенетикии биёбонӣ нею аз маҷмӯаҳои мезофилӣ ба вуҷуд омадани флора ва набототи Осиёи Миёнаро нишон доданд, ки инро бозёфтҳои палеоботаникии булут, зайзафун, момроз, шамшод ва ғайра тасдиқ менамоянд.

Овчинников муаллифи бештар аз 370 асари илмӣ мебошад. Депутата Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 6). Бо орденҳои Ле­нин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», чандин медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совета Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шу­дааст.

Асос: Основные направления видообра­зования в связи с происхождением ти­пов растительности Средней Азии, «Тр. АН Таджикской ССР», том 31, 1955; Но­вые материалы по неогеновой флоре Памиро-Алая. «Изв. АН Таджикской ССР», отдел, биол. наук, 2(9), 1962 (ҳамроҳи М. С. Лазарева).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …