Оуян Сю

Оуян Сю (номи дигараш —Юн ш у; 1007, Лулин, ҳозира Сзиан, музо фоти Сзянси — 1072), нависандаи хитой. Намояндан насри классикӣ буда, ба қатори «ҳашт устоди бузурги давраи Тан ва Сӯн» (асрҳои 7—13) дохил мешавад. Мансабҳои олии давлатӣ дошт. Бар зидди услуби шаклпарастӣ дар наср баромад, соддабаёниву мазмуни баланди аса­ри бадеиро тарғиб мекард.

Оуян Сю қариб дар ҳамаи жанрҳои «санъати нафиса»: таърихи, дидактикӣ, тас- вирӣ, насри фалсафӣ ва назм асарҳо навиштааст. Оуян Сю  жанри шиҳуа (андешаҳо оид ба шеър)-ро офарид. Миниатюраҳои насрии ӯ «Шипанги мӯйсафеди маст», «Нутқ дар сари қабри Ши Ман-син», «Овои тирамоҳ» маълуму машҳур гардидаанд. Услуби Оуян Сю  мӯҷаз, равшан ва суфта аст. Оуян Сю  яке аз мураттибони «Таърихи нави сулолаи Тан» ва «Қайдҳои таърихи оид ба панҷ сулола», муаллифи маҷмӯаи «Катибаҳои қадима ва тавзеҳоти онҳо» мебошад.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …