Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оуэн Роберт

Оуэн Роберт

Оуэн (Ouen) Роберт (14. 5. 1771, Нютаун, Уэлс— 17. 11. 1858, ҳамон ҷо), сотсиалисти хаёлии англис. Писари косиб. Аз соли 1791 соҳибкор.

Аз соли 1794—95 ширкати пахтаресии Чарлтонро таъсис намуд. 1800—29 сар- дори муассисаи бофандагӣ дар Ню-Ланарк (Шот­ландия). Аз масеҳияти ортодоксал дур шудани Оуэн дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ лаҳзаи муҳим буд. Шиносоӣ ба фалсафаи материалистию ратсионалистии маорифпарварӣ Оуэнро ба хулосае овард, ки идеалҳои ин фалсафа чун орзуҳои масеҳӣ аз воқеият дуранд. Оуэн оқибатҳои нахустин, нисбатан иҷтимоию психологии табаддулоти саноатиро мушоҳида карда, зимни таълимоти сотсиологию этикии фалсафаи маорифпарварӣ ба қисмати фардҳо ва таърих таъсири ҷиддӣ расондани характери инсонро асоснок мекунад.

Ба ақидаи Оуэн то ҳол ба ҷамъият одамоне сарварӣ мекарданд, ки қонунҳои идора кардани оламро намефаҳмиданд, баръакс бо дахолаташон қонунҳоро вайрон мекарданд. Оуэн озодии иродаро рад намуда, одамро маҳсулн муҳит медонист. Ба қавли Оуэн иллати одам аз иллати муҳит аст. Ин ақидаи моҳиятан материалистӣ ба тағйири самараноки муҳит нигаронда шуда буд. Аммо ҷаҳонбинии ме­ханистию материалистии нопойдор ва бо деизму пантеизм омехтаи Оуэн ба ӯ имконият надод, ки ақидаи тағйиру табдили ҷамъиятро ҳамчун ҳақиқати таърихӣ фаҳмад, то худи миёнаи соли 1820 мӯътақид буд, ки ҷамъиятро бо рафъи моликияти хусусӣ ҳам аз нав сохтан мумкин аст.

Дар вазъияти мусоиди иқтисодии охири асри 18— ибтидои асри 19 Оуэн ба воситаи «азнавтарбиякунӣ» ва беҳтар гардонидани аҳволи коргарон дар Ню-Ланарк чунин як ҷамоаи саноатии иде­алие таъсис намуд ва мехост, ни дар он ҳам накӯаҳволии меҳнаткашон ва ҳам ҳосилнокии меҳнат баланд шуда, дар айни замон фоидаи зиёд ба даст ояд. Ба ӯ муяссар шуд, ки ҷинояткорӣ, майпарастӣ, хусумати динию миллиро бомуваффақит бартараф карда, унсурҳои худидоракунӣ, интизоми бошууронаи меҳнат, мусобиқа, кооперасия, баплангирии иҷтимоиро ҷорӣ намояд, таълимро пайваста ба истеҳсолот, тарбияи ҷисмонӣ ва эстетикӣ, ба амал барорад, марти 1817 «плани» сокиншавии бекоронро дар «посёлкаҳои умумият ва ҳамкорӣ»-и аз антагонизмҳо озод пешниҳод кард. Аз ҳамин давра Оуэн ба мавқеи сотсиализми утопистӣ гузашт.

Оуэн солҳои 20 колонияҳои таҷрибавии коммунистӣ («Гармонияи нав» дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, соли 1825—29; «Гармони- Холл» дар Англия, соли 1839—45), як қатор муассисаҳои маърифатӣ ва журналҳо таъсис намуд. Таълимоти сотсиалистии Оуэн ва пайравони ӯ (Ҷ. Грей, Т. Годскнн, У. Томпсон, Ҷ. Брей), ки дар ибтидои муборизаи байни пролетариат ва буржуазия пайдо шуда буд, дар бобати бомаърифат намудани синфи коргари анг­лис роли калон бозида, ба инкишо- фи ҳаракати касбию кооперативии Британияи Кабир такон дод. Оуэн дар солҳои охири ҳаёташ, хусусан, баъди шикасти револютсияи 1848—49 дар шаро- ити иртиҷои сиёсии Европа бештар ба ирфону спиритизм майл кард. Бо вуҷуди он хизмати таърихии Оуэн баҳснопазир аст.

Ӯ дар байни сотсиалистони утопист ягона шахсе буд, ки мехост идеалҳои сотсиалистии худро бо иштироки худи коргарон ба амал барорад. Фридрих Энгелс таълимоти иқтисодии Оуэнро дар назар дошта, ӯро «асосгузори сотсиализми англис…» (нигаред  Карл Маркс и Фридрих Энгельс, Сочинение, том 2, страница 459) номид. Фридрих Энгелс аҳамияти фаъолиятя Оуэнро барои ҳа­ракати коргарии аввал асри 19 қайд намуда, навишта буд: «Тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятие, ки дар Англия ба манфиати синфи коргар ба амал меомаданд ва тамоми комёбиҳои дақиқии ин ҳаракатҳо бо номи Оуэн вобастаанд» (Анти-Дюринг, Душанбе, 1975, страница 276). Ақидаҳои Оуэн ба петрашевчиён, инчунин А. И. Герцен, Н. А. Добролюбов таъсири муайян расонид.

Асос Избранные  сочинения, том 1—2, Москва— Ленинград, 1950.

Адабиёт: Волгин В. П., История соци­алистических идей, том 2, в. 1, Москва— Ленинград, 1931; Колл Д. Г.. Р. Оуэн, перевод с английского, Москва— Ленинград 1931; Каи С. В., История со­циалистических идей, 2 над., Москва, 1907.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …