Маълумоти охирин

Отуни Ҳиравӣ

Отуни Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи асри 16 то­ҷик. Дар Бухоро ба дунё омадааст. Аз ишорати тазкиранигор Мутрибӣ бармеояд, ки ӯ чанде дар Ҳирот зиста, аз ин рӯ нисбати Ҳиравӣ гирифтааст. Отуни Ҳиравӣ шоираи соқибмаълумот, равшанзампр ва хозирҷавоб будааст.

Дар махфилу анҷуманҳои доираи адабии Бухоро шеърхо мехонд, дар мусобиқаи адабии адибоии ҳунарманд ҳамаро «мот» намуда, сазовори офарини аҳли фазл мегардид. Аз Отуни Ҳиравӣ  ғазалҳо, рубоиёт ва ашъори пароканда дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст. Дар ашъораш шикоят аз рӯзгори ноҳинҷор, бахти баргашта, тараннуми хуш гузаронидани умр баён шудааст. Намунаҳо аз эҷодиёти Отуни Ҳиравӣ :

Дар ишқ нагӯям сухане бе алами ӯ,

Гӯям ба дили худ алами дам ба дами ӯ.

• •

Бар фалак нест шафак, бодаи гулфоми

ман аст,

Рӯз дурде кашаму тоси фалак ҷоми ман аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …