Маълумоти охирин

Оттава

Оттава (Ottawa), дарёест дар ҷануби шарқи Канада, шохоби чапи дарёи Ҳазрати Лаврентий. Саргаҳаш дар баландни Лаврентий. Тӯлаш 1120 километр, масоҳати ҳавзааш 115 ҳазор километр2. Аа чандин кӯлҳо мегузарад, ҷо-ҷо остонаҳо дорад. Сарфи об дар поён обаш ба хисоби миёна қариб 2000 метра/сония.

Декабр ях баста, апрел яхаш об меша­вад. Аз резишгоҳ то шаршараи Шодер киштигард аст. Дар Оттава ГЭС- ҳо сохта шудаанд. Тавассути кана­ли киштигарди Ридо бо кӯли Онта­рио пайваст аст. Дар соҳили дарё шаҳри Оттава воқеъ гаштааст. Дар резишгоҳаш якчанд ҷазира дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …