Маълумоти охирин

Оттава

Оттава (Ottawa), пойтахти Ка­нада. Дар соҳилҳои дарёи Оттава ва ка- нали Ридо, 72 метр баландтар аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи июл 20,3° Селсия, январ— 11° Селсия. Боришоти соло­на 873 миллиметр. Аҳолиаш зиёда аз 300 ҳазор, бо атрофи шаҳр тақрибан 700 ҳазор нафар. (1980), асосан аҷдодони англису франсавиҳои аз Европа омада.

Оттава— маркази сиёсию маданӣ ва иқтисодии мамлакат. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард; бандари дар­еӣ. Аэропорташ аҳамияти байнал- халқӣ дорад. Соҳаҳои асосии саноати шаҳр: селлюлозаю коғаз, поли­графия, бофандагӣ, химия, коркарди металл, радиою асбобсозӣ, чӯбгарӣ, мебел, хӯрокворӣ. Ҳисобмошини электронӣ, асбобҳои илмӣ ва ғайра низ истеҳсол карда мешавад. Дар Оттава 2 университет (университетҳои Оттава ва Карлтон), ҷамъияти илмии Канада ва дигар муассисаҳои илмӣ, инчунин китобхонаҳо, музейҳо;  Нигористони миллии Канада, расадхона, Маркази санъати миллӣ мавҷуданд.

Шаҳр сероб, боғу гулзорҳояш бисёр. Дар марка­зи шаҳр (соҳили рости дарёи Оттава) бинои парламент ва дигар биноҳои давлатӣ ва дар соҳили чап (дар берунтари шаҳр) корхонаҳои саноатӣ ҷой гирифтаанд. Аз соли 1945 инҷониб дар Оттава биноҳои серошёна месозанд.

Оттава с. 1827 бунёд ёфт, аз соли 1854 — шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …