Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Отряди экспедисионии Ҳисор

Отряди экспедисионии Ҳисор

Отряди экспедисионии Ҳисор (номи пуррааш Отряди ҳарбию экспедисионии Ҳисор), отряди ҳарбӣ-сиёсӣ, ки октябри 1920 бо фармони М. В.  Фрунзе барои муборизаи зидди қувваҳои контрреволютсионии амир Олимхон ва озод намуда ни Бухорои Шарқӣ аз ҳисоби қушунҳои Фронти Туркистони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ва қӯшунҳои Республикаи Халқиии СБ бо сардории А. И. Марсов ташкил шуд. Дар ҳайати он намояцдагони ваколатдори РХСБ ва КМ ПКБ низ буданд.

Пеш аз амалиёти ҳарбии отряд КМ ПКБ бо муроҷиатнома «Ба ҳамаи меҳнаткашон, деҳқонон ва ҳамаи гражданинҳои поквиҷдони РХСБ рӯ оварда, аҳолиро ба муборизаи зидди контрреволютсия даъват намуд. Октябри 1920 Отряди экспедисионии Ҳисор районҳои Сурховдарё ва Қашқадарьёро озод кар­да, охири моҳи декабр ба Деҳнав, Сариосиё расид. 10 январи 1921 маҷлиси машваратии фаъолони партиявии шаҳри Бухоро қарор қабул намуд, ки ба ёрии Отряди экспедисионии Ҳисор боз 100 нафар ҳодимони партиявӣ фиристода шаванд. 13 январ 1921 Совети Kомиссарони Xалқ РХСБ ба қӯшунҳои Армияи Сурхи Бухоро фармон дод, ки бо ҳамроҳии Армияи Сурхи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ба озод намудани Бухорои Шарқӣ шурӯъ кунанд.

Корпуси экспедисионӣ 14 феврал 1921 ба Бойсун равон шуд. Дар қисми пешгарди корпус отряди савораи Я. А. Мелъкумов амал мекард. Отряди экспедисионии Ҳисор ба сарҳади ғарбии То- ҷикистони имрӯза расида, худи ҳамон рӯз ба Регар, 20 феврал ба Ҳисору Қаротоғ ва 21 феврал ба Душан­бе омад. Дар ҳама ҷо аҳолӣ корпуси экспедисионии Ҳисорро бо хушнуди пешвоз мегирифт., Бо     ёрии аҳолии маҳаллӣ ,;дар давоми моҳи феврал ва аввали апрели 1921 дар тамоми территорияи Бухорои Шарқӣ Ҳокимияти Советӣ барпо карда шуд. Амалиёти Харбии Отряди экспедисионии Ҳисор дар Қалъаихум ба итмом ра­сид ва отряд май 1921 ба водии Ҳисор баргашт.

Дар задухӯрдҳои Отряди экспедисионии Ҳисор бо душманони Ҳокимияти Советӣ О. Тошмуҳаммадов, А. Раҳмонов, Ф. Хусей­нов, С. Қаландаров, С. Назаров, Ш. Сулаймонов, А. Ахмадов, А. Набиев барин фарзандони содиқи халқи то­ҷик матонату мардонагӣ нишон до­данд. Отряди экспедисионии Ҳисор рамзи дӯстии халқҳои мамлакати сермиллати мо ва амсоли ёрии беғаразонаи халқи кабири рус буд.

Адабиёт: Макашов А. В., Установление Советской власти в Центральном и Юж­ном Таджикистане, Сталинабад, 1957; История .таджикского народа, том 3, книга 2, Москва. 1963; И р к а е в М., История граж­данской войны в Таджикистане, Душанбе, 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …