Маълумоти охирин

Отпуск

Отпуск, муддати ҳарсолаи истироҳат дар СССР бо кафолати Конс­титусиям СССР, ки дар он муддат ҷои кор маҳфуз монда музди миёнаи кор дода мешавад. Дар моддаи 41 Кон­ститусиям нави СССР (1977) қайд шудаасг, ки «Гражданинҳои СССР ҳуқуқи истироҳат доранд. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафтаи кори 41-соата барои коргарону хизматчиён ва бо рӯзи кори кӯтоҳшуда барои як қатор касбу истеҳсолот, бо рохи кӯтоҳ кардани муддати ко­ри шабона; бо роҳи додани отпускҳои ҳарсолаи пулакӣ, бо рғзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат, инчунин бо роҳи васеъ кардани муассисаҳои маданияту маърифат ва солимгардонӣ, инкишофи спортӣ оӣмавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм; бо роҳи муҳайё кардани имконияти мусоиди истироҳат дар ҷои истиқомат ва дигар шароитҳои истифодаи оқилонаи вақти холӣ таъмин карда мешавад.

Дарозии вақти кор ва истироҳати колхозчиёнро устави колхозҳо ба тартиб меоварад». Ба ғайр аз ин қонун барои муваққтан ғайри қо­били меҳнат будан, барои давраи ҳо­мила ва баъди таваллуд, инчунин барои аз истеҳсолот ҷудо нашуда таҳсил намудани коргарону хизматчиён Отпуск пешбинӣ намудааст.. Отпуск ҳарсол ба коргарону хизматчиён бо давомияти на кам аз 15 рӯзи корӣ дода мешавад. Барои баъзе категорияи коркунон — коргарону хизматчиёни то синни 18-сола (як моҳи ка­лендарӣ), кормандони баъзе муассисаҳои таълимӣ ва маданию маърифатй (аз 24 то 48 рӯзи корӣ), кор­гарону хизматчиёни доимии саноат ва хоҷагии ҷангал (24 рӯаи корӣ) ва ғайра Отпускии дарозмуддат муқаррар шудааст.

Дар баъзе идора, сеху участкаҳо истифода бурдани меҳнати инвалидони гурӯҳи 1 ва 2 мумкин аст. Онҳо ҳуқуқ доранд аз Отпуски дарозмуд- дат (24 рӯзи корӣ) истифода баранд. Инвалидони гурӯҳи 1, 2 ва 3, ки дар хона кор мекунанд, аз Отпуски 18-рӯзи корӣ истифода мебаранд.

Отпуски иловагии ҳарсола ба коргарон ва хизматчиёне, ки дар шаро­итҳои зарарнок кор мекунанд (аз 6 то 36 рӯзи корӣ); ба коргарони рӯзи корашон бенорма (аз 6 то 12 рӯзи корӣ); ба коргарону хизматчиёне, ки дар районҳои Шимоли Ақсо ва маҳалҳои ба он монанд (18 рӯзи корӣ); ба коргарон ва хизматчиёне, ки дар соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ кор мекунанду дар як корхона ё ташкилот стажи дарозмуддати корӣ до­ранд, ба коркунони ташкилоту муассисаҳои металлургияи сиёҳ аз 3 то 9 рӯзи корӣ ва ғайра дода мешавад.

Ба мақсади ҳавасмандгардонӣ барои иҷрои фаъолонаи ӯҳдадориҳои давлатию ҷамъиятӣ ба мураббиёни ҷамъиятии бачагони ноболиғ, аъзоёни их- тиёрии дружинаи халқӣ — муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ Отпуски илова- гӣ (то 3 рӯзи корӣ) ва ба аъзоёни ихтиёрии дружинаҳои зидди сӯхтор (то 6 рӯзи корӣ) додан мумкин аст.

Отпуск барои соли календарӣ не, бал­ки барои кори солона дода меша­вад. Отпуск ба коргарону хизматчиён баъди гузаштани 11 моҳи корӣ бе- фосила дар корхонаю муассиса ва ташкилот дода мешавад. «Отпуск барои соли якуми кор то гузаштани 11 мо­ҳи кор дода шуданаш мумкин аст: 1) ба занон — пеш аз саршавӣ ё баъди тамомшавии отпуски давраи ҳомиланокӣ ва баъди таваллуд (моддаи 174); 2) ба коргарон ва хизматчиёни аз 18-сола хурд —дар фасли тобистон (моддаи 186); 3) ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба запас ҷавоб дода ва ба тариқи ба кор қабулкунии муташаккилона ба кор равон карда мешаванд — баъди гузаштани се моҳи кор; 4) дар мавридҳои дигаре, ки дар қонунҳои Иттифоқи Руспубликаи Советии Сотсиалистӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Отпуск барои со­ли дуюм ва солҳои минбаъдаи кор дар дар вақти соли кор дода шуданаш мумкин acт (ба тариқӣ аванс)». Ҳисоби стажи кор барои Отпуск дар қонун пешбинӣ шудааст. Отпуск дар давоми сол бо навбат дода мешавад. До- дани Отпускро маъмурият бо розигии комитети маҳаллии иттифоқи касабаи фабрикию заводи (КФЗМИК) муқаррар мекунад. Вақти муқаррар кардани навбати Отпуск хоҳиши коргаро­ну хизматчиён ва манфидати таъминн кори мӯътадили корхона, муассиса, ташкилот ба назар гирифта меша­вад. Дар мавриди муваққатан ғайри қобили меҳнат будани коргар ё хизматчӣ; ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ ҷалб шудани коргар ё хизматчӣ; дар дигар мавридҳое, ки қонун пешбинӣ мекунад, Отпускро ба вақти дигар монондан ё дароз кардан мумкин аст. Одатан гузаронидани Отпуск ба соли дигар мумкин нест.

Фақат дар мавридҳое мумкин аст, ки Отпуск до­дан ба ҳамон коргар ба рафти мӯътадили кор таъсири бад расонад. Агар Отпуск дар соли ҷорӣ дода нашавад  вай ба Отпуски соли оянда ҳамрод карда мешавад. Надодани Отпуски иловагӣ, ба компенсасияи пулй иваз кардани Отпуски иловагие, ки барои ша- роити зарарноку хатарноки кор дода мешавад, манъ аст. Надодани Отпуски ҳарсола дар давоми ду соли пай дар пай, инчунин надодани Отпуск ба корга­рону хизматчиёни аз 18-сола хурд низ манъ мебошад (моддаи 77 Кодекси Қонунҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон оид ба меҳнат). Маъмурият метавонад ба коргару хизматчӣ дар асоси аризаи ӯ ба сабабҳои оилавӣ ва дигар сабабҳо Отпуски кӯтоҳмуддати бемузд диҳад.

Дар СССР ба занони коргар, хизматчию колхозчӣ ба муд­дати 56 рӯзи календарӣ пеш ва баъ­ди таваллуди кӯдак аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ёрдампулӣ дода мешавад. Дар мавриди таваллуди ғайримуқаррарӣ ё таваллуд кардани ду кӯдак ва ё зиёдтар Отпуски баъди та­валлуд ба муддати 70 рӯзи календарӣ дода мешавад. Пеш аз Отпуски дав­раи ҳомила ва баъди таваллуд ба зан, дар асоси аризааш, сарфи на- зар аз стажи кориаш дар ҳамон кор­хона, муассиса, ташкилот Отпуски ҳарсола медиҳанд. Дар асоси аризааш ба зан то 1,5-сола шудани кӯдакаш Отпуски иловагии бемузд додан мумкин аст. Ба заноне, ки кӯдакони навзодро аз таваллудхона ба фарзандӣ мегиранд, аз рӯзи ба фарзандӣ қабул кардани навзод то 56 рӯза шудани ӯ Отпуск дода мешавад.

Ба меҳнаткашони мамлакатҳои дигари сотсиалистӣ низ Отпуски музднок дода мешавад. Дар натиҷаи муборизаи дуру дарози синфи аксар дав- латҳои буржуазӣ доир ба Отпуск қонун қабул кардаанд.

Адабиёт: Кодекси қонунҳои оид ба меҳнати Pеспубликаи Cоветии Сотсиалистии Тоҷикистон, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …