Главная / Гуногун / Отосклероз

Отосклероз

Отосклероз (аз .ото… ва скле­роз) як навъ дарди гӯшро гӯянд, ки дар натиҷаи он бофтаи зичи устухонии ғилофаки гӯш ба бофтаи ковоки исфанҷӣ табдил меёбад. Аз Отосклероз аксар вақт устухони назди сӯрохии байзашакли гӯши миёна иллат мебинад; ба замми ин бофтаи ковоки не­фанҷӣ рикобакро дар сӯрохии байзашакл батамом мепӯшад. Дар мавриди дар роҳи дарунии сомеа ҷойгир шудани манбаи иллат ва минбаъд паҳн шудани он асаби сомеа ва узви Кортӣ, ки дар ҳалзун воқеъ аст, иллат меёбанд.

Аломатҳои асосии Отосклероз суст шудани қувваи сомеа, ҷеғ задани гӯш мебошанд. Сабабҳои ба вучуд омадани Отосклероз  ҳанӯз маълум пест. Тахмин мекунанд, ки Отосклероз дар натиҷаи ихтилоли функсиям ғадудҳои секресияи дарунӣ, муддати ду­ру дароз таъсир кардани шавқун ба вуҷуд меояд. Отосклероз  дар асл бемории дутарафа аст. Вай одатан дар синни наврасӣ cap мезанад. Ба Отосклероз  занҳо нисбат ба мардон зиёдтар гирифтор мешаванд.

М у о лиҷа: асосан ҷарроҳӣ; ҳангоми ниҳоят суст шудани қувваи сомеа аз аппарати сомеа истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …