Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оториноларингология

Оториноларингология

Оториноларингология (аз ого.. юнонӣ rhis, rhinos—бинӣ, la­rynx, laryngos — ҳалқум, гулӯ ва ..логия), л ар ингооторинология (ЛОР), таълимотест дар бораи бемориҳои гӯш, бинӣ, гулӯ, ҳалқум ва гирду атрофи он; соҳаи тибби кли­никӣ. Оториноларингологияи муосир илова ба маънои номаш таълимоти физиологияи со­меа ва ихтилолу муолиҷаи он (ау­диология), овоз ва ихтидолу муолиҷаи он (фониатрия) алоқаи гӯши дарунӣ (асосан лабиринт) бо қисмҳои гуногуни мағзи cap (отоневрология) ва ғайраро низ дарбар мегирад.

Бемориҳои зуком, ангина, хуни бинӣ, стенози ҳалқум ва муолиҷаи онҳо, инчунин усулҳои ҷарроҳии полипҳои биннӣ (Буқрот), ҷарроҳии бинию гӯш (Сушрут) аз қадимулайём маълум буданд. Дар «Ал-Қонун»-и Ибни Сино нахустпи маълумоти пуррае, ки ба тасаввуроти ҳозираи анатомия ва физиологияи гӯш, гулӯ ва бинӣ хеле наздик аст, баён шудааст. Оториноларингология дар миёнаҳои асри 19 чун соҳаи мустақили тиб аз ҷарроҳӣ ва терапия ҷудо шуд. Яке аз асосгузорони О. А. Полисер ба шумор меравад. Вай аввалин шудя (1861) Оториноларингологияро дар Университети Вена таълим дода ва якумин клиникаи гӯшро (1873) дар Вена ташкил кардааст. Дар Россия дар инкшпофиОториноларингология С. П. Боткин ва шогирдони ӯ А. Ф. Пруссак, Д. И. Кошлаков, Н. П.

Симанов­ский ва дигар саҳми зиёде гузош- танд. Оториноларингологияро дар СССР аз соли 1922 ҳамчун фанни ҳатмӣ дар мактабҳои одии тиббӣ таълим медиҳанд. Дар СССР се Институти тадқиқоти илмии гӯш, гулӯ ва бинӣ амал мекунад ва ду маҷаллаи илмӣ — «Вестник оторино­ларингология» (аа 1936) ва «Журнал ушных, носовых и горловых болез­ней» (аз 1924) нашр мешавад. Аз соли 1940 Ҷамъияти умумииттифоқии ото- риноларпягологҳо вуҷуд дорад.

Кафедраи Оториноларингология ва Институти давлатии тиббии Точикистон, марказҳои pecпубликавии сурдологӣ ва аудиологӣ аз рӯи масъалаҳои таъсири антисептикҳои наботӣ (сир, пиёз) ба бемориҳои фасодноки гӯш, истифодаи заҳри мор чун воситаи боздорандаи хун, бо ҳам алоқамандии патологияи узвҳои дохилӣ, ЛОР-бемориҳо ва ғайра тадқиқот мебаранд. Ҳодимони кафедраи ЛОР- бемориҳои Институти давлатии тиббии Тоҷносистон 6 монография ва 2 маҷмӯаи асарҳо нашр кардаанд.

Адабиёт: Многотомное руководство по ото­риноларингологи, том 1—4, Москва, 1960—63; Переобрвженскнй Б. С.. Тёмкин Я. С., Лихачёв А. Г., Болезни уха, носа и горла, М., 1968; Исхаки Ю. Б.. Кисты верхних дыхательных пу­тей, Душанбе, 1973, И с х а к и Ю. Б., К а л fa­in т е й н Л. И. Детская оториноларин­гология, Москва, 1977.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …