Маълумоти охирин

Отит

Отит (аз юнонӣ otos — гӯш), навъ газани гӯшро гӯянд. Аз он# қисмҳои гӯши берунӣ, миёна ва дарунй иллат меёбад. Отити гӯши бе­ру н ӣ (суфраи гӯш, роҳи берунии сомеа) дар натиҷаи пайдо шудани пучак, шукуфа, ба сӯрохии гуш ворид шудани ҷисми бегона, чирк гирифтанн роҳи сомеа, инчунин – таъсири занбӯруғ (отомикоз) ва ғайрв ба вуҷуд меояд. Аз Отити гӯши ми­ёна найчаи сомеа ва ковокии нақорапарда иллат меёбанд. Ба он ак­сар вақт бачагон гирифтор мешаванд.

Отити найчаи гӯш бештар бо таъсири грипп ва дигар бемориҳои сироятӣ ё ки ба воситаи биниву ҳалқ ва ғайра дохил шудани микробҳо ба вуҷуд меояд. Ҳангоми он гӯш сахт дард мекунад, қобилиятв шу- навоӣ суст ва ҳарорат баланд меша­вад, гӯш мадда мекунад. Артрит, мастоидит, сарсем, боди Отити гӯш миёнаанд. Дар вақти Отити гӯши д а р у н ӣ (ё ки лабиринт) аксари асабҳои сомеаи даруни гӯш аз кор мебарояд ва бемор пурра ё қисман кар мешавад. Лабиринтит аксар вақт боиси бемории вазнини коса- хонаи cap — тромбофлебита синуси сигмамонанд, абссесси мағзи cap, майнача ва ғайра мегардад.

М у о л и ҷ а: дар вақти табобати Отити найчаи гӯш ба ҷои газак дока, пахтаи спиртолуд ё ба дигар антисептикҳо тар карда мемонанд; ҳангоми табобати Отити гӯши дарунӣ аз антибиотикҳо истифода мебаранд. ё онро ҷарроҳӣ мекунанд. Барои барқарор намудани сомеа ҷарроҳии махсус (тимпанопластика)-ро истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон тим- панопластикаро дар маркази барқароркунии сомеа (шаҳри Душанбе) мегу- заронанд. Дар ҳамаи шаҳрҳои калони республика пунктҳои протези сомеа ҳаст.

Адабиёт:       Проблема отитов, Москва,         1961;

Вольфкович М .И., Хронический гнойный средний отит. Москва. 1967.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …