Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Отчопар

Отчопар

Отчопар, деҳаест дар Совети қишлоқи Сар­мамантойи  райони Панҷ, вилояти Қӯрғоптеппа. Территорияи колхози ба номи Ф. Э. Дзер­жинский. Аз Отчопар тo маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 8 километр; роҳ асфалтпӯш.

Аҳолиаш 1580 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, магазин дорад.Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахта- корӣ, ғаллакорӣ ва кирмакдорӣ. Отчопар заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …