Маълумоти охирин

Отасолеҳ

Отасолеҳ (таваллуд 1908, деҳаи Шорден, наздикии Марв), шоири халқии советии туркман. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1941. Дар 3-солагӣ нобино шудааст. Аз соли 1919 ба шеъргӯӣ cap кард. Дар ашъораш партия («Болшевик маӯлубнашаванда аст, дӯстон!», 1920) ва меҳнати сотсиалистӣ («Ягон граммро нобуд намекунам», 1936) тараннум ва хурофот («Бас кунед!», 1935) танқид шудааст.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр шеъру сурудҳои саршор аз ғояи ватандӯстӣ эҷод кард. Эҷодиёти баъдиҷангии Отасолеҳ ба меҳнати осоишта, дӯстии халқҳо, фош намудани оташдидандагони ҷанг бахшида шудааст (достони лирикии «Сухани самимӣ», 1947). Отасолеҳ аввалин эҷодкори жанри масал дар адабиёти туркман аст («Шер ва рӯбоҳ», 1945; «Хандаи каду», 1955; «Шағол ва мурғ», 1955).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …