Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оташпарастӣ

Оташпарастӣ

Оташпарастӣ дини  бостонии аҷдодон, ки заминаи асосии онро парастиши оташ, ‘саҷда ба он ташкил медод. Оташпарастӣ дар аҳди қадим, дар натиҷаи моҳияти махсус пайдо кардани оташ дар ҳаёти мардуми бостонӣ пайдо шудааст. Шаклҳои мухталифи Оташпарастӣ дар аҳди қадим дар Эрону Нерон иитишор ёфта буданд.

Дар тасаввури зардуштиён хуршед манбаи ду хайри азим — гармо ва равшанист. Дар андешаҳои онҳо офтоб дар сурати олиҳаи зебое дармеояд, ки соҳиби мӯъҷизот (нурафшонӣ, ҳаётбахшӣ) буд. Аз ин рӯ, офтоб лаҳзаи офариниш шуд ва минбаъд гармою равшанӣ бо роҳи нурафшонии доимӣ (афрӯхтани оташ) ҳосил гардид. Ба тахмине ҳамин тавр аз парастиши офтоб парастиши оташ ба вуҷуд омад.

Дар дини зардуштӣ оташ аз маъмултарин рукни оин буд. Авесто оташро панҷ навь мешуморад, ному мазмуни онҳо дар «Ясно» инчунин дар «Бундаҳиши» нақл шудааст. Ҳар як навъи оташ доираи муайяни истифода дорад. Масалан, берези с а в а ҳ оташи маъбада аст ва дар рӯзгори муқаррарӣ ба кор меравад; воҳуфрийона оташест, ки дар ҷисми мардум ва ҷонварон аст; урвазишта оташест, ки дар наботот ниҳон аст; вазишта оташи абр (барқ) аст ва охирин спаништ аст, ки дар гарзамон дар ҳузури Ақуромаздо месӯзад. Оташи мушаххасро (мувофиқи Авесто отар) писари Аҳуромаздо мехонанд.

Дар зардуштия парастиши оташ бо таълимоти ахлоқӣ махлут гаштааст. Оташ (дар қатори хоку об) поктарин унсур аст, ки аз ин рӯ вай ҳамаи ин оин шудааст. Дар зардуш­тия оташ манбаи зебоӣ ва асоси ҳаёт, душмани сукуту карахтист. Аз ин рӯ, ҳар муғ мисли оташ фаъол буда, то поёни умр бояд аз кору меҳнат даст барнадорад. Зардуштиён Оташпарастии худро қошил нестанд, зеро оташ­ро рамзи Адурамаздо медонанд. Бо вуҷуди он Оташпарастӣ дар байни омма таъсири .амиқ дошт ва унсурҳои онро дар рӯзгор то имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар атрофи гулхан давр задани арӯсу домод, баҳорон дар Наврӯз аз болои гулхан ҷаҳидан ва ғайра аз боқимондаи Оташпарастии зардуштианд. Парастиши оташдони хона низ бо Оташпарастӣ вобаста аст. Парастиши оташ инчунии дар нигоҳ доштани оташи «ҷовид» зоҳир гардид ва баъд аз он ки тавассути соиш оташ афрӯхтанро ёд гирифтанд, парастиши он авҷ гирифт. «Ҳоло ҳам,— қайд карда буд Фридрих Энгельс,— дар аксарияти мамлакатҳои европоӣ хурофоти халқӣ дар бораи он. ки.. оташи муъҷизаовар… фақат ба воситаи соиш афрӯхта мешавад, вуҷуд дорад»- (Маркс  Kарл. И Энгелс Фридрих, Сочинения, том 20, страница 430).

Дар масеҳият эътиқод ба моҳияти фавқуттабии оташ дар афрӯхтани шамъ ва чароӯи махсус (лампада) дар назди уқнум зоҳир мегардад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …