Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оташкада

Оташкада

«Оташкада» тазкираест,ки Лутфалибеки Озар байни солҳои 1664—82 таълиф карда аст. Азбаски китоб «Оташкада» унвон гирифтааст, дар тақсимоти фаслу бобҳои он низ аз калимоти мансуб ба оташ истифода шудааст. «Оташкада» аз ду маҷмара иборат аст. Маҷмараи аввал дар зикри шоирони мутақаддим буда, ба як шуъла ва се ахгар ҷудо мешавад. Шӯъла ба тарҷумаи ҳол ва намунаи ашъори шодону шоҳзодагон ва умарои туркнажод бахшида шудааст. Ахгари аввал — дар зикри шоирони Эрон, дуюм — дар зикри шоирони Тӯрон ва сеюм— дар зикри шоирони Ҳиндустон.

Ҳар ахгар ба чанд шарора тақсим шуда­аст. Шарҳи ҳоли шоирон ба тартиби алифбо дар шарораҳо баён шу­да, дар ахгар бо як фурӯғ, ки дар зикри шоираҳои ҳамо диёр аст, хотима меёбад. Маҷмараи дуюм —дар аҳвол ва ашъори шоирони муосири муаллиф буда, аз ду партав иборат аст: партави аввал — дар баёни ҳоли муосирон, партави дуюм дар шар­ҳи ҳол ва осори худи муаллиф. Манбаи асосие, ки аз он Лутфалибеки Озар дар маҷмараи аввал истифода кардааст, тазкираи «Хулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор*-и Тақнудди-маълумот ва ашъори шоирои ӯ садлаyгорӣ карда, ба саҳyу хатоҳои зиёд роҳ додааст. Адамияти «Оташкада» бештар дар маҷмараи дуюм аст. Муаллиф маълумоти ин қисмро ҳангоми мулоқот бо худи шоирои ва ё аз рӯи нақли мусоҳибонаш гирд овардааст. Дар интихоби шоирои ва ашъори онҳо Озар хеле сахтгир буда­аст.

Ин матлаб аз суханони зерини ӯ дар муқаддимаи «Оташкада» бармеояд: «Иттнфоқан рӯзе дар авоили замо­ни таълифи ин пусха яке аз мавзу- нони. аср, ки табъаш чун таъмаш хом буд, гуфт: — «Чӣ будӣ, ки аз хаёлоти ман ҳам ҳусани ин китоб афзудӣ?» Гуфтам: — «Азизам, бипазир, ки ин китоб оташкада аст. Чун хор дар вай резам, сӯзад ва чун гул дар вай афшонам, аз рондан гулобаш димоғ барафрӯзад». «Чун ин узр шунид, аз таманнои худ забон даркашид ва алҳақ то забонам дар пардаи ни тори эътизор бар қонуни ҷавоб баст, пардаи гӯшам аз захми захмаи забони амсоли ин рангомезон раст». Дар «Оташкада» ашъори интихобшуда ба тартиби хиҷои охири шеър сабт гардидааст. «Оташкада» то ба ҳол панҷ маротиба дар Ҳиндустону Эрон ба табъ расидааст. Тазкира дар омӯхтан ва равшан кардани бисёр лаҳзаҳои торики ҳаёт ва фаъолияти адабии шоирои ва умуман таърихи адабиёти форс-тоҷик адамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …