Маълумоти охирин

Оташгул

Оташгул, флокс (Phlox), ҷинси растаниҳои бисёрсола, баъзан гиёҳи яксолаест аз оилан Polemo- niaceae. Пояи рости камшох, барги яклухт (баргҳои болои пай дар пай, поёни рӯ ба рӯ), гули (қутраш 2— 5 сантиметр) сафед, гулобӣ. сурх, бунафши дар тӯдагул ҷойгиршуда (баъзан тоқа), гултоҷи қифшакл, баъзан найчашакли хушбӯй ва ғӯзамеваи сехонагӣ дорад. Асосан дар Америкаи Шимолӣ мерӯяд (тақрибан 60 намудаш).

Намудхои оташгул: 1 — Phlox panicula­te; 2—Phlox subulate; 3— Phlox slblrica; 4 — Phlox drummondii.

Дар СССР 4  намуди кӯҳии Оташгул Ph. sibirica (Оташгули сибирӣ) маълум аст. Аксар намудҳои Оташгул барои ороишанд ва дар ҳамаи мамлакатҳои дунё парвариш карда мешаванд. Дар Тоҷикистон аз соли 4939 cap карда 3 намуд (Ph. paniculata, Ph. subulata, Ph. drummonaii) ва қариб 60 нави Оташгулро парвариш мекунанд. Намудҳои бисёрсолаи Оташгул, ки дар боғ мерӯянд ба 2 гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: 1) онҳое, ки баҳор гул мекунанд (пояи паст ва аксар ба замин паҳншаванда доранд; 2) онҳое, ки тобистону тирамоҳ гул мекунанд (пояи баланди рост доранд).

Ph. paniculata ва навъҳои бисёри он дар водиҳои Тоҷикистон аз охирҳои май то август-сентябр, дар кӯҳистон аз миёнаҳои июл дар бадали 30—40 рӯз, Ph. subuJata охири март то миёнаҳои май, дар .кӯҳис­тон аз нимаи дуюми май то хунукиҳои аввали тирамоҳ ва Ph. drum­mondii аз моҳи май то охири тирамоҳ дар кӯҳсорҳо аз охири июн то охи­ри сентябр, гул мекунанд. Оташгул аз тухм, қаламча ва кӯчат афзоиш мекунад. Тухми нави Оташгулро дар фасли тирамоҳ ба замини кушод мекоранд ва он баъди сармои тирамоҳу зимистон сабзида, дар охири баҳор гул мекунад. Барои кӯчат бех (бутта)-ҳои то 3-солаи Оташгулро гирифта 30—40 сантиметр дур аз якдигар дар чуқурии 3—5 сантиметр мешинонанд.

Барои қаламча дар ти­рамоҳ нартҳои ҷавони Оиашгулро бурида тамоми зимистон дар хоки нарм ё аррамайдаи пору аралаш нигоҳ дошта, реша мегиронанд. Дар баҳор бошад, навдаҳои 5—10 сантиметраии Оташгулро бу­рида дар гармхонаҳои нимторик ре­ша мегиронанд. Дар шароити иқлими гарми Тоҷикистон Оташгулро бештар дар ҷойҳои серсоя парвариш меку­нанд. Оташгул барои кабудизор кардани атрофи обанборҳо, гулгашгу хиёбонҳо тавсия карда мешавад.

Адабиёт: Остапович Л. Ф., Цветочно­декоративные растения в западных райо­нах Горно Бадахшанской Автономной Области Таджикской ССР. Душанбе. 1971.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …