Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оташдон

Оташдон

Оташдон, ошдон, к о н у н, кӯ­ра. м а н қ а л, д е г д о н, ҷоест, ки дар он оташ афрӯзанд. Оташдонро дар ибтидо барои хӯрокпазӣ, нонпазӣ, гарм кардани хона ва ғайра истифода мебурданд. Бо мурури замов вазифаи Оташдон тағйир ёфта, намудҳои гуногуни он, ба монанди Оташдони анъанавии заминӣ ба вуҷуд омаданд. Барои  сохтани Оташдони заминӣ заминро қадре кофта девораи онро бо гили оташбардор андова мекарданд. Дар де­вораҳои ин гуна Оташдон нон низ мепухтанд. Чунин Оташдон чахлак ном дошга, асосан дар ҷануби  Тоҷикистон маъмул буд.

Дар шимоли республика бошад, ба гирдогирди Оташдони кофташуда ду-се қатор хишт ё кулӯх чида, деворчае мебардоранд ва ба рӯи он дег мегузоранд. Чунин Оташдонҳоро танҳо барои хӯрокпазӣ истифода мебаранд. Оташдони заминиро боз аз хишт ё кулӯх сохта бо лойи пашмдор андова мекунанд. Оташдони умумиро дар хона месохтанд. Дар районҳои ҷануб Оташдон мӯрӣ надошт, дуд аз сӯрохии сақфи хона мебаромад. Дар шимоли Тоҷикистон дар би­нои Оташдон дуд каш (мӯрй) сохта мешуд.

Бо мақсади кам кардани дуд ба ҷои Оташдони умумӣ Оташдони таомпазӣ ба вуҷуд омад. Оташдон нисбат ба Оташдони умумӣ хурдтар буда, камтар дуд мебароварл. Одатан дар паҳлӯи Оташдони таомпази Оташдони чойҷӯшонӣ ва манқал низ месохтанд, ки ҳаҷман хурд аст. Ҳоло бештар Оташдони оҳанин силиндршакл месозанд, ки он се ё чор поя дорад ва онро ҳар ҷо бурдан мумкия аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …