Маълумоти охирин

Оташак

Оташак, қарҳаи з ӯ ҳ р а в ӣ, реши нарм (Ulcus нише), дарди гузарандаи зӯхравӣ ё ҷимоӣ, ки аз сирояти стрептобасиллаи Петерсен- Дюкрей-Унна асосан баъди алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меояд. Падидаҳои Оташак ба сифилис (бемории куфт ё оби­дам фарангӣ) шабоҳат дорад; аз ин сабаб ин ду дардро вақтҳои пеш аз якдипар фарқ карда наметавонистанд.

Баъди 2—5 рӯз дар он ҷон бадан, ки барангезанда даромадааст, лан­каи сурхи равшан пайдо мешавад, ки варамида рихинаки римнок пайдо мекунад. Пас аз 3—4 рӯз рихинак кафида, ба қарҳачаи дардноки канорҳояш ноҳамвору тагаш «кофтагӣ» мубаддал мешавад. Рӯи вайро пар­да мегирад, тагаш мулоим, гирдогирдаш сурхи варамнок мешавад. Сирояти Оташак ба бофтаҳои атрофи қад- кашак паҳн шуда, решҳои нав пайдо мекунад.

Сонӣ ғуддаҳои лимфавии атроф ба касалӣ дучор гардида, варам мекунанд ва ба бодиринг монанд мешаванд, ки вайро х и ё р а к (бубон) мехонанд; ғуллаҳо ба якдигар, инчунин ба пӯст сахт мечаспанд, мулоим шуда мекафанд ва парда пайдо мекунанд; дар ин ҳол ҷои касалӣ дарднок, ҳарорат баланд ва бемор ба аҳволи нохуше меаф- тад.

М у о л и ҷ а: истеъмоли доруҳои зиддибактериявӣ; ҷойҳои дарднокро бо оби ширгарми макганнок ван­на (обзан) кардан.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …