Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Отаназаров Абдуфаттоҳ

Отаназаров Абдуфаттоҳ

Отаназаров Абдуфаттоҳ (таваллуд 1914, pайони Олтиариқи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистан), пах­такор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1958. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45).

Солҳои 1930—41 сардори звено ва бригадаи кирмакдории колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1946—50 раиси колхози «Болшевик», 1950—52 хонандаи Мактаби раисони колхозҳо, 1952—60 ҷонишини раис, 1962—74 сардори бригадаи кирмакдории колхози ба номи Владимир Илич Ленини райони Ленин буд. Отаназаров дар инкишофи пахтакорӣ ва кирмакдории район саҳми сазовор дорад. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …