Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Отағиёс Абдулғанӣ

Отағиёс Абдулғанӣ

Отағиёс Абдулғанӣ (1859—1927), мусиқидон ва танбӯрнавози тоҷик. Аз Бухорост. «Шашмақом”-ро хеле хуб азбар намуда, ҳар як мақомро бо роҳу равиш ва услуби хос иҷро мекард. Баъди Револютсияи Октябр Отағиёс дар Мактаби мусиқии Бухоро аз қисмати мушкилоти «Шашмақом» ва усулҳои навохтани танбӯр дарс медод.

Соли 1923 профессор В. А. Успенский бо ёрӣ ва ҳамкории устодони онвақтаи «Шашмақом»—Огаҷалол Носир ва МирзоназруллоҳиТанбурӣ ин меро­си бузурги мусиқии классикиро ба нота гирифта онро соли 1924 дар Мо­сква нашр кардааст.

Адабиёт: Шесть музыкальных поэм, Москва, 1924.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …