Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Островский Николай Алексее­вич

Островский Николай Алексее­вич

Островский Николай Алексее­вич (29. 9. 1904, деҳаи Вилияи ҳозира райони Островский вилояти Равенск — 22. 12. 1936, Моск­ва), нависандаи советии рус. Аз оилаи коргар.

Аъзои Партиям коммунисти аз соли 1924. Соли 1919 ба сафи комсомол до­хил шуда, бо хоҳиши худ ба фронт рафт. Дар қисмҳои бригадаи савораи Г. И. Котов­ский ва Армиям 1-уми савора ҷангидааст. Пас аз хизмати ҳарбӣ дар барқарор намудани хоҷагии халқ иштирок кард. Солҳои 1923—24 дар районҳои сарҳадии Украина ба корҳои комсомолӣ роҳбарӣ менамуд. Соли 1928 баъди бемории вазнин нобино шуд. Островский бо тамоми қувва барои ҳаёт мубориза мебурд ва худомӯзи мекард. Дар ҳолати нобиноӣ асари «Обутоб ёфтани пӯлод»-ро (қисми 1—1932, қисми 2. 1934, нашри пуррааш 1935; филми ҳамном, 1942, «Павел Корчагин», 1957; тарҷумаи тоҷикиаш 1938, 1979) офарид.

Дар симои қаҳрамони асосии романи «Обутоб ёфтани пӯлод»— Павел Корчагин шахсияти нависанда таҷассум ёфтааст. Нависанда аз тахайюлоти бадеӣ ва ҳуҷҷатдо истифода бурда, образ ва манзараҳои дорои аҳамияти баланди бадеиро офаридааст. Ягонагии узвии манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ғоянокии коммунистӣ ва иродаи шикастнопазир ба Корчагин мадад мекунанд, ки фоҷиаи барои ҷанговар мудҳиш — аз қатор баромаданро бартараф на- мояд. Барои чандин насли ҷавонони советӣ ва ҷавонони пешқадами хориҷӣ Корчагин ҳамчун образи намунаи ибрат хизмат кардааст. Роман солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар айёми ҳаёти осоишта роли сафарбаркунандагиро бозид ва дар ташаккули образи қаҳрамонони ҷавони адабиёти советӣ таъсири калон расонид.

Островский солҳои 1934—36 ба эҷоди романи сеҷилдаи «Зодагони тӯфон» (китоби аввалро ба охир расондааст; тарҷумаи тоҷикиаш 1939, 1958) машғул шуд. Роман воқеаҳои охири  солҳои 1919 ва аввали 1920 дар ғарби Украина ба вуқӯъ омада ва баландшавии шуури револютсионии меҳнаткашонро инъикос кардааст. Асарҳои Островский ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума шудаанд. Соли 1935 ба Островский унвони ҳарбии комиссари бри­гада дода шуд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Лауреати мукофоти ленинӣ (1966).

Дар Москва (аз соли 1940) ва Сочи (1937, ки он ҷо нависанда солҳои 1928—36 зистааст) ва дар зодгоҳи ӯ музейҳои ёдгории Островский кушода шу­даанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …