Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Островский Александр Никола­евич

Островский Александр Никола­евич

Островский Александр Никола­евич (12. 4. 1823, Москва —14. 6. 1886, Щеликово, ҳозира pайони Островскин вилояти Кострома), драматурги рус. Аз оилаи ҳуқуқшиноси соҳибмансаб; модараш аз табақаи поёни рӯҳониён. Дар Гимназияп 1-уми Москва (1835—40) ва факултети ҳуқуқшиносии Университети Москва (1840—43; нотамом) таҳсил кардааст. Айёми хизмат дар идораҳои маҳкамаи Москва (1843—51) таҷрибаи зиёди нависандагӣ андӯхт. Островский бо мазҳакаи «Ҳисоби дӯстон дар дил» (4850) дар адабиёт машҳур гардид.

Таҳлили муфассали характерҳо, тасвири аниқи манзараҳои маишию иҷтимоӣ, ҳазл, забони пуробуранг аз дастовардҳои нахустини реализми драматурги ҷавон ба ҳисоо мерафтанд. Дар песаҳои «Аввал бубин чои худ…» (1852), «Камбағалӣ айб нест» (1853) ва ғайра драматург тарзи беҳтари ҳаёти халқро ҷӯё шуда, Лю­бим Торсов барин характерҳои барҷаста офарид. Дар ин песаҳо маҳо- рати драматургии Островский ҳам инкишоф ёфт. Аз соли 1856 Островский ҳамчун корманди доимии журнали «Современник» бо журналистони демократи рус ошно гардид. Пеш аз ислоҳоти крепостноии 1861 дар эҷодиёти Островский танқиди иҷтимоӣ боз пурқувват шуда, драматизми низоъҳо шиддат мегирад. Мазҳакаи «Ҷои сердаромад» (1856) амалдорони порахӯрро зери тозиёнаи танқид гирифт; песаи «Тарбиятшаванда» бар зидди зулм эътирози сахт буд.

Дар драмаи «Раъду барқ» Островский муҳити ифлоси шаҳрчаи музофотиро бо тамоми қабоқату риёкорӣ ва ҳукми боёну «сарваронаш» тасвир менамояд. Драматург солҳои 60 таълифи мазҳака ва драмаҳои маиширо («Рӯзҳои сахт, 1863; «Масхарабозон», 1864) давом дода, як силсила песаҳои таърихӣ мевависад («Козма Захарич Минин-Сухорук* 1861; «Тушино», 1866 ва ғайра). Аз охири солҳои 60 давраи нашъунамои эҷодиёти Островский оғоз меёбад. Дар беҳтарин мазҳакаҳои ӯ «Дили сӯзон» (1868), «Ҷангал* (1870), «Гургон ва гӯсфандон» (1875) як силсила типҳои ҳаҷвии сарварони моликияти хусусӣ офарида шудаанд, ки дар шароити пас аз ислоҳоти крепостной амал мекунанд.

Островский солҳои охири ҳаёташ аз қисмати фоҷиавии занҳои ҳунарманну эҳсосоташон нозук, ки дар олами риёкориву тамаъ мезистанд, драма ва мазҳакаҳои муҳимми иҷтимоию психологӣ навишт («Беҷиҳоз», 1878; «Қурбонии охирин», 1870;-. «Ҳунармандон ва пхлрсмандон», 1$82 ва ,F.)fДраматургияи Островский анъанаву Сарчашмаҳои миллӣ ва мазмуни баланди умумиинсонӣ дорад. Островский як умр барои театри нави реалистй мубориза мебурд. Драматур- гияи Островский дар инкишофи театри миллии рус марҳилаи нав буд.

Шеликово, ки Островский тамоми ҳаёташро дар он ҷо гузаронида буд, ба музей ма- мнӯъгоҳ табдил ёфтааст (аз соли 1948). Дар назди бинои Театри Хурди Мо­сква ҳайкали Островский гузошта шудааст. Песаҳои Островский («Камбағалй айб нест», «Гунаҳгорони бегуноҳ», «Раъду барқ») солҳост, ки дар Театри Ака­демик драмаи Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешаванд. Драматургиям Островский дар пешрафти те­атру маҳорати актёрки артистони тоҷик мавқеи муҳим дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …