Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Остроградский Михаил Ва­силевич

Остроградский Михаил Ва­силевич

Остроградский Михаил Ва­силевич (24. 9. 1801, деҳаи Пашен­ная ҳозира вилояти Полтава — 1. 1. 1862, Полтава), матема­тики рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1830). Дар Университети Харков таҳсил намуда (1816—20), баъд дар Париж лексияҳои Островский Ко­ши, П. Лаплас ва Ж. Фуреро шунидааст (1822—28).

Профессори синфҳои офисерии Корпуси кадетии баҳрӣ (аз соли 1828), Институти корпуси инженерони роҳи оҳан (аз соли 1830), Институти педагогӣ (аз соли 1832), Омӯзишгоҳи инженерӣ (аз соли 1840), Омӯзишгоҳи артиллерии (аз соли 1841) Петербург буд. Остроградский дар соҳаҳои таҳлили математикӣ, механикаи назариявӣ, физикаи математикӣ, назарияи ададҳо, назарияи эҳтимолият ва ғайра тадқиқот бурдааст.

Ӯ формулам ба интегралҳои сатҳӣ табдил додани интегралҳои ҳаҷмиро кашф кард (нигаред Формулаи Остроградский) ва сонӣ онро барои интегралҳои п-карата умумият дод. Усули дар интег­ралҳои каратӣ иваз намудани тағйирёбандаҳоро баён кард. Қоидаи интегронии интегралҳои номуайяни функсияҳои ратсионалиро (чудо кардани қисми ратсионалии интеграл) нишон ва назарияи умумии зарбаро (1854) тартиб дод. Ӯ мураттиби на­зарияи паҳншавии гармӣ дар моеъ мебошад.

Асос: Полнҷй собрание трудов, том 1—3, Киев, 1959—61.

Адабиёт: Гнеденко Б. В., Погребысс к и й И. Б., Михаил Василевич Остро­градский, Москва, 1963.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …