Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Остонабобо

Остонабобо

Остонабобо, ёдгории меъмории асри 12 дар деҳаи ҳамноми pайони Кар­кии вилояти Чорҷӯи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. Дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Мазори Остонабобо, Мақбараи Зайдалию Зубайдалӣ, Мақбараи хамсарон Убайду Зубайд а машҳур аст. Остинбобо  чор гунбаз дорад. Асоси Остонабобо аз ду қисм — масҷид ва «девонахона» иборат аст (ҳар ду дар асри 12 бунёд шудааст).

Қисми болоии девори даруни масҷидро бо 6 тоқи ороишӣ зинат додаанд. Гунбаз дар болои ҳашттарк устувор буда, кунҷи таркҳо шарафаҳои муқарнас до­рад. Аз тарафи ғарбии масҷид: гӯрхона воқест, ки дар васаташ ду сағо наи бо лой андудае дорад. Асрҳои 16—-17 ҳангоми гармими Остонабобо дар қисми шарқии он толоре сохта шуда­аст, ки дорои чор сутун ва нӯҳ гунбази начандон калон буд.

Баъдтар (асри 19) дар байни 4 гунбаз мақбарае сохта ба он ба даруни «девонахона» даромадгоҳ гузоштаанд. Даромадгоҳи биноро (тавассути долон ба толор пайваст шудааст) пештоқе оро медиҳад, ки онро дар ибтидои асри 20 сохтаанд. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …