Маълумоти охирин

Остона

Остона (остонаи дарё), ҷойҳои харсангу шахдори маҷроҳ дарёро гӯянд, ки дар ин ҷойҳо дарё якбора нишеб шуда, ҷараёнаш суръат мегирад. Остона одатан дар ҷойҳое пайдо мешавад, ки ҷараёни дарё ба тӯдаи харсангҳо ё ҷинсҳои сахти кӯҳӣ дучор меояд.

Баъзан боқимондаи шаршараҳо низ ба Остона табдил меёбанд. Аксар вақт ГЭС-ҳоро дар Остонаи дарё месозанд. Масалан, Днепрогэс дар Остонаи дарёи Днепр, Волховстрой дар Остонаи дарёи Волхов сохта шудаанд. Азбаски Остонаҳо ба киштигардию салронӣ монеъ мешаванд, дар паҳлӯи онҳо каналҳои калони ёрирасон месозанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …