Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Остеомалясия

Остеомалясия

Остеомалясия (аз остео… ва юнонӣ malacia — нармӣ, сустӣ), бемо­рии бофтаҳои устухон, ки боиси нарм гаштан ва шаклан тағйир ёф­тани устухон мегардад. Остеомалясия дар одам (аксар вақт дар занҳо ҳангоми ҳомиладорӣ) ва ҳайвон дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи минерали (масалан ҳангоми норасоии намакҳои калсию кислотаи фосфат ва витамини Д дар организм) ба вуҷуд меояд.

Дар натиҷаи Остеомалясия мушакҳои одам суст гардида, дасту пояш меларзад ва роҳгардиаш душвор шуда, тез монда мешавад. Дар натиҷаи нарасидани намакҳои калсий баъди Остеомалясия ҳам (мумкин аст устухони каҷ рост нашавад.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …