Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Остеодистрофия

Остеодистрофия

Остеодистрофия (аз юнонӣ остео… ва дистрофия), як гурӯҳ бемориҳои бофтаи устухонро гӯянд, ки дар натиҷаи вайроншавии просесси мубодилаи моддаҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми Остеодистрофия сохти устухони қисмҳои гуногуни скелет тағйир меебад. Остеодистрофия паратиреоидӣ, деформасиякунанда, ҷузъии фиброзӣ, токсикӣ (заҳрӣ) ва ғайра мешавад. Аз инҳо танҳо ду шакли аввалаи Остеодистрофия бештар маъмул аст.

Остеодистрофияи паратиреоидӣ бемории эндокринӣ буда, дар натаҷаи барзиёд чудо шудани гормони пара­тиреоидӣ, ҳангоми омоси ғадуди назди силаршакл инкишоф меёбад. Дар ин бобат бофтаи устухонӣ’ ҷаббида мешавад. Просесс қариб ҳамаи устухонҳоро фаро мегирад. Остеодистрофияи пара- тиреоидиро бо роҳи бурида партофтани ғадуди назди сипаршакл муолиҷа мекунанд. Ҳангоми Остеодистрофияи де формаслякунанда як ё якчанд устухон осеб меёбад. Сабаби пайдоиши ин шакли Остеодистрофия ҳанӯз омӯх- та нашудааст. Остеодистрофияи деформасияку­нанда боиси инкишофи бемории ос­теосаркома мегардад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …